Дар ноҳияҳои Шуғнон, Рӯшон, Дарвоз ва Ванҷ боғҳои чормағз бунёд карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 01.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи Пашори Ҷамоати деҳоти Поршиневи ноҳияи Шуғнон бо иштироки Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳашари ниҳолшинонӣ доир гардид. Иштирокдорони ҳашар дар майдони 2 гектар зиёда аз 600 бех ниҳоли мевадиҳанда, аз ҷумла 70 бех ниҳоли чормағзи маҳаллӣ шинонданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иттилоъ доданд.
Дар ҳашари ниҳолшинонӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, вилоят ва сокинони маҳаллӣ фаъолона иштирок намуданд.
Раиси вилоят таъкид кард, ки тибқи назари мутахассисони соҳа, меваи дарахти чормағзи маҳаллӣ барои саломатии инсон муфид буда, дар шароити ноҳияҳои қисмати ғарбии вилоят аз он дар натиҷаи парвариши хуб ҳосили фаровон ба даст овардан мумкин аст. Иброз гардид, ки тибқи нақша, боғҳои чормағзи маҳаллӣ дар ноҳияҳои Рӯшону Дарвоз ва Ванҷ низ бунёд карда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан низ дар ин боғи навбунёд ҳашарҳои ниҳолшинонӣ гузаронида шуда, ҳоло шумораи дарахтони мевадиҳандаи он зиёда аз 3 ҳазорро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Шуғнон дар чанд соли охир дар доираи амалисозии дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боғу ҷангалзори нав ва барқарорсозии боғҳои куҳна тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Аз ҷумла, дар давоми ду соли охир дар қаламрави ноҳия дар масоҳати 35 гектар боғҳои нав бунёд карда шудаанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад






