Дар ноҳияи Данғара 46 муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд

Май 18, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 18.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара 46 муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд, ки аз ин 3 ададаш ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи фарҳанги ноҳияи Данғара иттилоъ доданд.

Соҳаи фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таъриху маданияти миллӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ин соҳаи муҳим рушд карда, ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.

Дар ин давра бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаю канорҳои мамлакат, аз ҷумла дар дурдасттарин ноҳияҳо иншооти фарҳангӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

12 сентябри соли 2019 бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муҳташами Қасри фарҳанг ифтитоҳ гардид. Қасри фарҳанги ноҳия аз ҷумлаи иншооти ҷашнии истиқлолият буда, аз тарафи устоҳои ҳунарманду муъҷизаофари тоҷик дар мавзеи дилфиреби ноҳия бо тарҳи хеле нодир бунёд шудааст.

Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ин макон ба хотири рушди соҳаи китобдорӣ ва ҷалби мардум ба китобхонӣ китобхонаи электронӣ барои 20 нафар, қироатхона барои 40 нафар, анбори нигаҳдории китоб барои 19 ҳазор адад ва ҳуҷраҳои кории коргарон сохта шудаанд. Дар ошёнаи якум ҳамчунин барои фаъолияти пурсамари кормандони Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам гардидааст.

Иншоот дорои муосиртарин имконот барои фаъолияти ҳамарӯзаи аҳли фарҳанги ноҳия мебошад.

Зимни бунёди бино сохтмончиён тамоми қоидаю талаботи меъёрҳои меъморию сохтмониро ба инобат гирифтаанд. Ҳамин аст, ки аз рӯйи ҳашамат, намои берунаи шарқиёна, сутунҳову қандилҳои пурнақшу нигор, роҳравҳои зебо, бунёди дару девор бо сангҳои ороишии ватанӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ Қасри фарҳанг хеле дилкашу назаррабо гардидааст.

Дар Қасри фарҳанг осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.

Ба хотири таъмини шароити созгори адибон дар ошёнаи сеюм толори маҳфили адибон барои 176 ҷойи нишаст, толори зиёфат барои 140 нафар, ҳуҷраи хизматрасонӣ, осорхона, айвони нишасти тамошобинон аз се тараф барои 210 ҷойи нишаст бунёду мавриди истифода қарор дода шудааст.

Дар бинои Қасри фарҳанг ба хотири ҷалби кӯдакону наврасон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ синфхонаи забони русӣ барои 14 нафар, синфхонаи забонҳои хориҷӣ барои 24 нафар, синфхона барои бозиҳои шавқовари шоҳмот ва шашка, синфхонаи компютерӣ барои 20 нафар, синфхонаи конструкторони ҷавон барои 16 нафар ва синфхонаи дӯзандагӣ бо 5 мошинаи дарздӯзӣ ҷойгир карда шудааст.

Толори Қасри фарҳанг бо монитори калони электронӣ, таҷҳизоти тақвияти садо ва равшаннамоии саҳна таъмин мебошад.  Дар баробари ороишоти намои дарунию берунӣ ба масъалаи ободонӣ ва сабзазоркунии муҳити атрофи иншоот низ аҳамияти махсус дода шудааст.

Қасри фарҳанги ноҳия имрӯз ба макони баргузории маҳфилу чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ табдил ёфта, ба мардум дар роҳи шинохти асолати миллӣ, омӯзиш ва тарғиби фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳифзу эҳтироми истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва сулҳу суботи ҷомеа хизмат менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара

Май 18, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир мегардад
Дар Хонаи китоби Тоҷикистон кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносӣ ифтитоҳ гардид
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавӣ ифтитоҳ ёфт
Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад