Дар ноҳияи Данғара 46 муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд
ДУШАНБЕ, 18.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара 46 муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд, ки аз ин 3 ададаш ҷумҳуриявӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи фарҳанги ноҳияи Данғара иттилоъ доданд.
Соҳаи фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифи таъриху маданияти миллӣ ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамин аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ин соҳаи муҳим рушд карда, ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.
Дар ин давра бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаю канорҳои мамлакат, аз ҷумла дар дурдасттарин ноҳияҳо иншооти фарҳангӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
12 сентябри соли 2019 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои муҳташами Қасри фарҳанг ифтитоҳ гардид. Қасри фарҳанги ноҳия аз ҷумлаи иншооти ҷашнии истиқлолият буда, аз тарафи устоҳои ҳунарманду муъҷизаофари тоҷик дар мавзеи дилфиреби ноҳия бо тарҳи хеле нодир бунёд шудааст.
Иншоот аз 3 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ин макон ба хотири рушди соҳаи китобдорӣ ва ҷалби мардум ба китобхонӣ китобхонаи электронӣ барои 20 нафар, қироатхона барои 40 нафар, анбори нигаҳдории китоб барои 19 ҳазор адад ва ҳуҷраҳои кории коргарон сохта шудаанд. Дар ошёнаи якум ҳамчунин барои фаъолияти пурсамари кормандони Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ шароити мусоид фароҳам гардидааст.
Иншоот дорои муосиртарин имконот барои фаъолияти ҳамарӯзаи аҳли фарҳанги ноҳия мебошад.
Зимни бунёди бино сохтмончиён тамоми қоидаю талаботи меъёрҳои меъморию сохтмониро ба инобат гирифтаанд. Ҳамин аст, ки аз рӯйи ҳашамат, намои берунаи шарқиёна, сутунҳову қандилҳои пурнақшу нигор, роҳравҳои зебо, бунёди дару девор бо сангҳои ороишии ватанӣ, кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ Қасри фарҳанг хеле дилкашу назаррабо гардидааст.
Дар Қасри фарҳанг осорхонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Ба хотири таъмини шароити созгори адибон дар ошёнаи сеюм толори маҳфили адибон барои 176 ҷойи нишаст, толори зиёфат барои 140 нафар, ҳуҷраи хизматрасонӣ, осорхона, айвони нишасти тамошобинон аз се тараф барои 210 ҷойи нишаст бунёду мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар бинои Қасри фарҳанг ба хотири ҷалби кӯдакону наврасон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ синфхонаи забони русӣ барои 14 нафар, синфхонаи забонҳои хориҷӣ барои 24 нафар, синфхона барои бозиҳои шавқовари шоҳмот ва шашка, синфхонаи компютерӣ барои 20 нафар, синфхонаи конструкторони ҷавон барои 16 нафар ва синфхонаи дӯзандагӣ бо 5 мошинаи дарздӯзӣ ҷойгир карда шудааст.
Толори Қасри фарҳанг бо монитори калони электронӣ, таҷҳизоти тақвияти садо ва равшаннамоии саҳна таъмин мебошад. Дар баробари ороишоти намои дарунию берунӣ ба масъалаи ободонӣ ва сабзазоркунии муҳити атрофи иншоот низ аҳамияти махсус дода шудааст.
Қасри фарҳанги ноҳия имрӯз ба макони баргузории маҳфилу чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ табдил ёфта, ба мардум дар роҳи шинохти асолати миллӣ, омӯзиш ва тарғиби фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳифзу эҳтироми истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми Ватан ва сулҳу суботи ҷомеа хизмат менамояд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






