Дар шаҳри Бӯстон вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид

Май 3, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои истифодаи оқилонаи неруи барқ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар мавзуи «Истифодаи оқилонаи неруи барқ – кафолати рӯзгори обод» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд.

Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 98% неруи барқи худро аз манбаъҳои барқароршаванда — асосан неруи об истеҳсол менамояд. Бо ин нишондиҳанда Тоҷикистон дар ҷаҳон дар сафи пеш қарор дорад. Бо вуҷуди ин, талабот ба неруи барқ махсусан дар фасли зимистон афзоиш меёбад ва истеъмоли ғайриоқилона ва ғайриқонунии он боиси фишор ба шабакаҳои энергетикӣ мегардад.

Дар ин маврид дар Паёми  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 изҳор гардид: «Ҳукумати мамлакат бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан, манбаъҳои рушди «энергияи сабз» мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст».

«Ҳоло корҳои таҷдиду азнавсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд. То имрӯз ду агрегати неругоҳи «Норак» ва се агрегати неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд. Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар неругоҳи «Қайроқум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гардида, ба 174 мегаватт мерасад. Инчунин, як агрегати дигар дар неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад»,-баён доштанд Сарвари давлат.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд. Дар баробари ин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иктидори 200 мегаватт оғоз мегардад.

Имрӯзҳо бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонида шудаанд.

Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо барои сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст.

«Бо азму иродаи устувор ва нақшаҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар мамлакат пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.

Дар идомаи ҳамоиш вобаста ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  вобаста ба истифодаи неруи барқ тағйиру иловаҳо ворид карда шудаст, шарҳу тавзеҳ дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон

Май 3, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай ба беморони диабети қанд муфид аст
Марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон бо таҷҳизоти пешрафтаи ташхисӣ ва табобатӣ таъмин мешаванд
Вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар ноҳияи Сино ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Оилаи беҳтарин» муайян карда шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиш баргузор гардид
Нисбат ба сокини шаҳри Душанбе барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Бо мақсади таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Менеҷери лоиҳаҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ бо фаъолияти Маркази саратоншиносӣ дар Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд шинос шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад