Дар шаҳри Хуҷанд даври дуюми озмуни шаҳрии «Хонандаи сол-2025» баргузор гардид

Май 1, 2025 19:40

ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд даври дуюми озмуни шаҳрии «Хонандаи сол-2025» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.

Ҳадафи асосии озмун рушди тафаккури  хонандагон,   ҷалби  бештари онҳо ба омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ,  риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои мебошад. Баргузории чунин озмунҳо ба муаррифии истеъдодҳои нав, ташаккули рушди қобилияти муҳассилин ва ҳавасмандии онҳо мусоидат менамояд.

Озмун ҳамасола бо мақсади амалишавии  «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» барои интихоби хонандагони болаёқат ва худогоҳу хештаншинос баргузор карда мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

 

Май 1, 2025 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон ва Донишгоҳи технологии Ланҷоу Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
157 довталаб аз шаҳри Душанбе ба даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
ТАШАББУСИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ЗЕҲНИ СУНЪИИ БЕХАТАР ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Доир ба масоили муҳими соҳаи нақлиёт ва инфрасохтори роҳҳо конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Зиёда аз 40 ҳазор нафар ҷавонони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари ҷаҳон илму дониш ва касбҳои муосир меомӯзанд
Масоили омода намудани мутахассисон дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон баррасӣ шуд
350 нафар донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Корея таҳсил менамоянд
Ёддошти тафоҳум байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея ба имзо расид
Байни Тоҷикистон ва Корея Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ ба имзо расид
Барои рушди соҳаи маорифи ноҳияҳои водии Рашт дар 20 соли охир беш аз 2,1 миллиард сомонӣ равона шудааст
Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид