Дар Варзоб оид ба истифодаи самараноки неруи барқ вохӯрӣ доир шуд
ВАРЗОБ, 14.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Варзоб оид ба истифодаи неруи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ, истифодаи қувваи барқ ва гармӣ бе асбобҳои зарурии назоратӣ ва баҳисобгирӣ ё бе шартнома бо ташкилоти таъминоти қувваи барқ ва гармӣ, кандан ва шикастани тамғаҳои (пломбаҳои) муқарраршудаи асбобҳои андозагирӣ, инчунин аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи неруи барқ бо иштироки 370 нафар фаъолону сокинони ноҳия вохӯри доир гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб иттилоъ доданд.
Зимни вохӯрӣ раиси ноҳияи Варзоб, сардори Раёсати Агентии назорати давлатии энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси суди ноҳия, прокурори ноҳия, сардори шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия оид ба истифодаи самараноки неруи барқ ва пешгирии қонуншиканӣ зимни истифодаи он сухан гуфтанд.
Иброз гардид, ки сари вақт пардохт намудани маблағи истифодаи қувваи барқ ва истифода аз дастгоҳҳои каммасрафи барқӣ масъулияти баланди шаҳрвандӣ ва нақши ҳар яки мо дар таъмини кори муназзами энергетикии мамлакат ва беҳтар гардидани вазъи таъминоти неруи барқ мебошад. Аз ин рӯ моро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси маърифатнокӣ аз неруи барқи мавҷуда, ки норасоии он хусусияти мавсимию муваққатӣ дорад, сарфакорона истифода намоем. Истифодаи босамару сарфаҷӯёнаи неруи барқ ба рушди босуботи иқтисодии оила ва давлат мусоидат менамояд.
Таъкид гардид, ки 15 апрели соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар қонунҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имзо гузоштанд. Ҳадафи асосии ворид намудани тағйир ба моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова гардидани моддаи нав — моддаи 2531 пешгирии дахолати беасос ба таҷҳизоти ҳисоби неруи барқ ва вайронкуниҳои қоидаву меъёрҳои истифодаи қувваи барқ мебошад.
Дар ноҳияи Варзоб барои татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, роҳбарон ва сардорони шуъбаю бахшҳои дахлдор гурӯҳҳои кории таблиғотӣ ташкил шудаанд. Ин гурӯҳҳо пайваста доир ба самараноку оқилона истифода бурдани неруи барқ ва ғайриқонунӣ истифода накардани қувваи барқу пардохти саривақтии истифодаи он дар байни аҳолии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб










Сокини деҳаи Деваштичи шаҳри Панҷакент бо истифода аз панелҳои офтобӣ чорворо бо хӯроки сабз таъмин менамояд
НАМУНАИ ИБРАТ. Дар биноҳои баландошёнаи навбунёди шаҳри Хуҷанд панелҳои офтобӣ насб мегарданд
5 декабр дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ карда мешавад
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо сатҳи омодагии вилояти Суғд ба фасли зимистон баррасӣ гардид
Дар роҳи Душанбе-Чанок 690 километр хатҳои уфуқӣ кашида шуданд
Ба одамон наздиктар. Ифтитоҳи марказҳои нави хизматрасонии МегаФон Тоҷикистон
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Доир ба вазифаҳои илми муосири иқтисодӣ конференсия баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Сарфаҷӯии неруи барқ яке аз омилҳои таъмини амнияти энергетикии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, чангу ғубор ба амал меояд
Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон хокбориш ба амал меояд






