ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Рашт беш аз 23 ҳазор бех ниҳоли ороишию ҳамешасабз шинонида шуд
РАШТ, 04.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси Барномаи рушди соҳаи ҷангал ва дастгирии шарикони рушд то имрӯз дар кӯҳҳои болои шаҳраки Ғарм, шаҳраки Навобод ва деҳаи Варзигули ноҳияи Рашт бо шинонидани ниҳолҳои қарағоч, ақоқиё, чормағз ва дарахтони мевадиҳанда дар зиёда аз 40 гектар ҷангал бунёд намудем. 45 гектар ҷангалзорро барқарор намудем, ки ҳоло сабзишу нашъунамои онҳо хуб мебошад. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт Қурбоналӣ Муродов иттилоъ дод.
Дар ниҳолхонаи Хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт зиёда аз 20 ҳазор ниҳол мавҷуд аст, ки онҳоро зимни бунёд ва барқарорсозии ҷангалзор истифода мебаранд. Ҳамчунин дар ин ниҳолхона 300 кг тухми чормағзи навъи «аъло» ва 10 кг донаи зардолуи навъҳои маҳаллиро таги қум намуда, сабзониданд ва дар минтақаҳои «Шингилич», «Камароб» ва «Навобод»-и ноҳия шинониданд. Дар оянда тавассути онҳо боғҳои чормағзу зардолуи аълосифат ташкил мегардад.
Тибқи иттилои сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рашт, соли 2025 дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мувофиқи нақшаи тасдиқгардида бояд 18 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун шинонида шаванд.
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ сокинони ноҳияи Рашт то имрӯз ба миқдори 23 ҳазору 568 бех ниҳолҳои ороишӣ, ҳамешасабз ва мевадиҳандаю сояафкан шинониданд.
Имрӯзҳо дар маркази ноҳияи Рашт ва марказҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия шинонидани гулҳои гуногунранг оғоз гардидааст, ки дар оянда маркази ноҳияи Раштро гулзор менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






