Директори Агентии обуҳавошиносӣ: «Конфронси имрӯза заминаи боэътимод дар самти ҳифзи пиряхҳо дар минтақа мегардад»
ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо зарурати ҳифзи пиряхҳо ва муҳимияти ҳамкории байналмилалиро дар ин самт таъкид намудаанд. Роҳбарӣ ва садоқати шахсии Сарвари давлат ба ин мавзуъ моро ба амалҳои фаъолона ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин масъала илҳом мебахшад. Ин матлабро дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зимни баргузории Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода баён намуд.
Ба андешаи Абдулло Қурбонзода, пиряхҳои Тоҷикистон, ки тақрибан 8% қаламрави мамлакатро фаро мегиранд, дар худ захираҳои бузурги оби тозаро нигоҳ медоранд. Аммо ин захираҳо осебпазир буда, тақрибан 60% захираҳои обии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар системаи кӯҳии Тоҷикистон ташаккул меёбанд.
«Мо шоҳиди нобудшавии босуръати пиряхҳо, тағйир ёфтани реҷаи обшавӣ, афзоиши шумораи кӯлҳои хатарноки рахнашаванда, инчунин хатари рӯзафзуни зуҳуроти сел ва раванди обшавии пиряхҳо ҳастем», — гуфт Абдулло Қурбонзода.
Директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон изҳор дошт, ки ҳамкории дарозмуддати Агентии обуҳавошиносӣ бо Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ соҳаҳои васеи афзалиятнокро дар бар мегирад. Аз ҷумла, дар қатори онҳо муҷаҳҳазгардонии шабакаи миллии мушоҳидавӣ, татбиқи стандартҳои навини хизматрасонии иқлимӣ, рушди низоми огоҳии бармаҳал ва баланд бардоштани сатҳи тахассуси кадрҳо дар соҳаҳои метеорология, гидрология ва илмҳои иқлимшиносӣ мисоли равшани ин ҳамкорӣ мебошад. Бо дастгирии доимии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ Агентии обуҳавошиносӣ тавонист имконоти техникии худро барои мониторинг ва пешгӯии хатарҳои иқлимӣ, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистони душвордастрас васеъ намуд.
Таваҷҷуҳи махсус ба ҳамкории муштарак ба рушди Хизматрасонии миллии иқлимӣ равона шудааст, ки унсури калидӣ барои рушди устувор ва қабули қарорҳои дар асоси илмӣ асосёфта мебошад. Зери роҳбарии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ҳамчунин ҳамгироии маълумоти криосфера, аз ҷумла мониторинги пиряхҳо, қабати барф ва яхбандии доимӣ ба механизмҳои миллии банақшагирии захираҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ мегардад.
«Дар доираи омодагиҳо ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Тоҷикистон Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ нақши муҳим бозида, дастгирии техникӣ ва коршиносӣ пешниҳод намуд. Ин қадами муҳими расмиятёбии аҳамияти криосфера ҳамчун унсури ҳаётан муҳими низоми иқлим, махсусан барои минтақаҳои кӯҳӣ ва хушки Осиёи Марказӣ мебошад», -афзуд Директори Агентии обуҳавошиносӣ.
Мавзуи конфронси имрӯза барои Осиёи Марказӣ аҳамияти хос дорад, зеро захираҳои обии он, аз қабили обшавии пиряхҳо, обшавии барфҳои мавсимӣ ва ҷоришавии об аз минтақаҳои кӯҳӣ асосан аз ҳисоби раванди криосфера ташаккул меёбанд.
“Боварии комил дорам, ки конфронс на танҳо дар рушди фаҳмиши илмии мушкилоти мавҷуда саҳми арзанда мегузорад, балки заминаи боэътимод барои таҳияи қарорҳои мувофиқ ва амалӣ дар самти идоракунии оқилонаи захираҳои обӣ ва ҳифзи пиряхҳо дар минтақа мегардад. Мо инчунин умедворем, ки натиҷаҳои ин конфронс робитаҳои байниидоравӣ ва байналмилалиро тақвият бахшида, ҳамкориро дар байни ҷомеаи илмӣ ва мақомоти масъули обу иқлим амиқтар хоҳад кард. Он ҳамчунин ба ҳамкории дарозмуддат зери сарпарастии Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ такони нав мебахшад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Таҳкими ҳамкорӣ дар самти рушди ғизои мактабӣ бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ баррасӣ гардид
150 нафар соҳиби шаҳодатномаи маҳфили «Пайравони Пешвои миллат» гардиданд
ОГОҲӢ! Аз 6 то 8 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ. Расонаҳои байналмилалӣ онро ба таври васеъ инъикос менамоянд
Дар Кӯлоб аксари иншооти аз офати табиӣ осебдида барқарор гардида, оилаҳои зарардида соҳиби хонаҳои нав мешаванд
Дар Душанбе Форуми соҳибкории занон, сармоягузорӣ ва технология оғоз гардид
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. 24 истироҳатгоҳи мавсимии беруназшаҳрӣ барои қабули кӯдакону наврасон омода мебошанд
Дар ноҳияи Айнӣ пайомадҳои офати табиӣ бартараф мегарданд
Нахустин ҷаласаи Раёсати Шурои ҷамъиятии «Занони Тоҷикистон» баргузор шуд
Дар шаҳри Хуҷанд мавсими нави оббозӣ дар шиногоҳи соҳили дарёи Сир оғоз гардид
ОГОҲӢ! Аз 3 то 5 июн дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани селҳои хусусияти маҳаллидошта пешгӯӣ мешавад






