DUSHANBE GRAND SLAM 2025. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд

Май 2, 2025 09:50

ДУШАНБЕ, 02.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 2 май дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ Мусобиқаи байналмилалии ҷудо «Dushanbe Grand Slam 2025» оғоз мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар рӯзи якуми мусобиқа  варзишгарон аз рӯи 5 вазн:  — 48 кг, -52 кг, -57 кг байни занон ва -60 кг ва -66 кг байни мардон қувва меозмоянд.

Аз Тоҷикистон дар ин рӯз 14 ҷудочӣ иштирок менамояд.

Байни мардон

Вазни -60 кг: Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Лоиқ Қутбиддинов, Меҳрзод Суфиев ва Ҳақдод Гулов.

Вазни -66 кг: Обид Ҷебов, Эҳсон Сафарзода, Эмомалии Нуралӣ ва Ёсин Бобокалонов.

Байни занон

Вазни -48 кг: Аҳлия Муминова.

Вазни -52 кг: Насиба Карликова, Зуҳал Ҷумаева ва Мадина Қурбонзода.

Вазни -57 кг:  Александра Кан ва Раҳмия Ҳанҷарбекова

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳар вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн байни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз мегарданд.

Дар «Dushanbe Grand Slam- 2025» 226 варзишгар, ки 123 мард ва 103 зан мебошанд ва 27 давлати ҷаҳону 4 қитъаи оламро намояндагӣ менамоянд, иштирок доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 2, 2025 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад