ДУШАНБЕ — МИЗБОНИ КОНФЕРЕНСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Дар ҳошияи он Форуми наврасону ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим доир мегардад

Май 5, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 05.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Форуми наврасон ва ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим, ки 29 майи соли 2025 дар ҳошияи Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир мегардад, 100 ҷавон аз Тоҷикистон ва хориҷи мамлакат дар таҳияи роҳҳои амалишавандаи ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим иштирок менамоянд. Чунин изҳор намуд зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мутахассис оид ба иқлими намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Фаррух Қосимов.

Ба иттилои Фаррух Қосимов, аз шумораи умумии 100 ҷавони иштироккунанда дар Форуми наврасон ва ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим 10 нафар намояндаи мамлакатҳое мебошанд, ки дар он ҷо пиряхҳо аз тағйирёбии иқлим осебпазир ҳастанд.

Пешниҳоди асарҳо бо технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ

Форуми наврасон ва ҷавонон оид ба ҳифзи пиряхҳо ва амалиёти иқлим машғулияти омӯзишӣ ва суҳбатҳои интерактивиро дар бар гирифта, дар онҳо ҷавонон бо сиёсатмадорон ба таври мустақим табодули андеша менамоянд.

«Аввалин маротиба дар форум асарҳо бо технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ пешниҳод шуда, порчаҳои тахайюлии наврасону ҷавонон оид ба чӣ гуна қабул намудани буҳрони иқлим пешниҳод мегарданд», — изҳор дошт Фаррух Қосимов.


Ба иттилои мутахассис оид ба иқлими намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, намоиши наврасону ҷавонон тавассути зеҳни сунъӣ саҳми онҳоро дар ҳифзи пиряхҳо муаррифӣ хоҳад кард.

«Иштирокчиёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо метавонанд тавассути ин галереяи электронӣ саҳми кӯдаконро дар ҳифзи пиряхҳо бинанд ва садои онҳоро шунаванд. Ин иқдом бори дигар муҳим будани ҳифзи пиряхҳоро барои кӯдакон таъкид менамояд», — илова намуд Фаррух Қосимов.

Наврасон ва ҷавонон — фаъолони пешбари конфронс

«Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон мехоҳад, ки тавассути форум ва намоишгоҳ боварӣ ҳосил кунад, ки кӯдакон на танҳо иштирокчӣ, балки фаъолони пешбари Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошанд», — изҳор дошт мутахассис оид ба иқлими намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

ЮНИСЕФ тавассути шабакаҳояш як силсила машваратҳои ҷавононро дастгирӣ намуд. Ин ҷаласаҳои ибтидоӣ кафолат доданд, то наврасону ҷавонон дар саросари ҷаҳон аз пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо огоҳ шаванд ва имкон пайдо кунанд, ки қаблан андешаҳояшонро дар ин масъала иброз доранд.

«Масалан, соли 2024, пас аз Иҷлосияи 29-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Душанбе баргузор шудани Конфронси ҷавонон ба зиёда аз 40 ҷавон имконият дод, ки Шабакаи навтаъсиси ҷавонони Тоҷикистон оид ба об ва иқлим ва Нақшаи амали онро, ки қаблан тасдиқ шуда буд, муаррифӣ намоянд», — афзуд дар идомаи суҳбат Фаррух Қосимов.

Дар Форуми наврасон ва ҷавонон аз модели ҳибридӣ низ истифода мешавад

Ба иттилои мутахассис оид ба иқлими намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, барои васеъ намудани доираи иштирокчиён дар Форуми наврасон ва ҷавонон модели ҳибридӣ истифода мешавад. Тавассути пайванди платформаҳои иҷтимоӣ ҷавонони дигар давлатҳо ва минтақаҳои дурдаст метавонанд дар шакли онлайн ба ҷаласаҳои мушаххас ҳамроҳ шаванд.

«Дар ҷаласа дар мавзуи «Ҷавонон барои ҳифзи иқлим пайваст мешаванд» се сухангӯи ҷавон аз давлатҳои гуногун иштирок ва дар видеоконфронс вобаста ба ҳифзи пиряхҳо мубодилаи таҷриба хоҳанд кард. Ҳамчунин иштирокчиёни маҳаллӣ метавонанд бо онҳо дар вақти воқеӣ муошират карда, савол диҳанд»,-гуфт Фаррух Қосимов.

Қисми зиёди ҷараёни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, аз ҷумла Форуми ҷавонону наврасон дар шабакаи YouTube ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ мустақиман пахш карда мешавад.

«Чунин раванд ба ҳар ҷавони манфиатдор дар саросари ҷаҳон имкон медиҳад, ки дар ҳар қисмати суҳбат иштирок намуда, онро шарҳу тавзеҳ диҳад. Инчунин ҳар намояндаи ҷавон аз Тоҷикистон дар ифтитоҳ ё қисми пленарии конфронс метавонад сухан гуфта, паёми ҷавононро ба ҳамаи иштирокчиён расонад»,-гуфт мутахассис оид ба иқлими намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Интизориҳои зиёди Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон аз конфронс

«Намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пирояхҳо интизориҳои зиёд дорад. Аз ҷумла, боварӣ дорем, ки ин ҳамоиш ба пешрафти воқеии наврасону ҷавонон дар заминаи тағйирёбии иқлим мусоидат хоҳад кард. Пеш аз ҳама, мо умедворем, ки сиёсат ва уҳдадориҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ҷомеаҳое, ки ба онҳо вобастаанд, ба миён меоянд»,-изҳор дошт Фаррух Қосимов, мутахассис оид ба иқлими намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон.

Чунин амал маънои қабули Эъломияи пурқудрат, яъне Эъломияи Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳоро дорад. Он на танҳо таъхирнопазирии обшавии пиряхҳоро эътироф менамояд, балки уҳдадор мешавад, ки ҳуқуқ ва некуаҳволии наврасон ва ҷавононро дар амали иқлим ҳимоя кунад.

«ЮНИСЕФ мехоҳад, ки конфронс ҳукуматҳоро барои ҷалби наврасону ҷавонон ба сиёсатҳои иқлимӣ муттаҳид намояд. Ҳамзамон кафолат диҳад, ки Саҳмҳои миллии муайяншуда ва стратегияҳои мутобиқшавии ба наврасону ҷавонон равонашуда чораҳои беҳтаршавии мактабҳо, беморхонаҳо ва системаҳои обро, ки ба ин қишри ҷомеа хизмат мерасонанд, дар бар гиранд», — изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Мутахассис оид ба иқлими намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон интизории калидии ЮНИСЕФ-ро аз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар он номид, ки тавсияҳои Форуми наврасон ва ҷавонон дар конфронси асосӣ баррасӣ хоҳанд шуд.

«Хеле муҳим аст, ки аз тарафи раиси конфронс андешаҳои ҷавонон ва зарурати ҷалби ҷавонон ба қабули қарор ва пешниҳодҳо барои «Шабакаи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳои ҷавонон» ба назар гирифта шаванд»,-изҳор намуд дар анҷоми суҳбат мутахассис оид ба иқлими намояндагии ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Фаррух Қосимов.

Манижа БАҲРОМЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/манбаъҳои боз

Май 5, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳалли масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо сиёсати ҳадафманду мушаххасро тақозо менамояд
Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд бо фаъолияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Бахшида ба Кофронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо таҳти унвони «Самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ» Форуми II иқтисодӣ доир шуд
Кетрин Мери Рассел: «Дар мулоқот бо Президенти Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлимро баррасӣ намудем»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Директори иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид Кетрин Мери Расселро ба ҳузур пазируфтанд
Константино Чивенга: «Тоҷикистон дар самти тавлиди энергияи «сабз» таҷрибаи нодир дорад»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини якуми Президенти Ҷумҳурии Зимбабве Константино Чивенгаро ба ҳузур пазируфтанд
Ингминг Янг: «Бонки Осиёии рушд ҳамкории судмандро бо Тоҷикистон мутобиқ ба стратегияи шарикии мамлакат таҳким мебахшад»
Барои иштирокдорони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо барномаи фарҳангӣ доир карда мешавад
Муҳаммад Яллоу: «Иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе барои Гамбия хеле муҳим аст»
Беш аз 100 нафар ҷавонон аз Тоҷикистон ва дигар давлатҳо масъалаи ҳифзи пиряхҳоро баррасӣ менамоянд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ноиби Президенти Ҷумҳурии Гамбия Муҳаммад Яллоуро ба ҳузур пазируфтанд