Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳукумати мамлакат барои фаъолияти ҷавонон тамоми иқдоми заруриро амалӣ менамояд»
ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати мамлакат барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба тарбия, таҳсил, фаъолият ва истироҳату фароғати ҷавонон, яъне фароҳам овардани шароити зиндагии шоиста барои онҳо тамоми иқдоми заруриро амалӣ мегардонад. Чунин баён намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон.
Аз ҷумла, тавассути қабул ва амалӣ намудани қонунҳо дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш, татбиқи самараноки «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон барои давраи то соли 2030» ва барномаҳои давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон ва варзиш заминаҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии рушди соҳа фароҳам гардидаанд.
«Таъсиси Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти мамлакат, Шурои рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бунёд ва ба истифода додани марказҳои ҷавонон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бунёди ҳазорҳо муассисаи таълимии ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва даҳҳо ҳазор иншооти муҷаҳҳазу замонавии варзиш аз ҷумлаи чунин иқдом ба ҳисоб мераванд», -изҳор доштанд Сарвари давлат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд






