Фаъолҷавонони шаҳри Душанбе бо фаъолияти Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд
ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 май 220 нафар фаъолҷавонон, кормандони сохтори марказӣ ва зерсохторҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бинои Парлумони Тоҷикистон шинос гардиданд. Мақсад аз ин иқдом тарбияи ҳуқуқии ҷавонон ва ошно сохтани онҳо бо фазои сиёсии мақоми олии қонунбарори мамлакат мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати ҷавонон бо шароит ва фазои сиёсии ин шоҳкорӣ — бинои тозабунёди Парлумони Тоҷикистон аз наздик шинос шуданд. Инчунин вобаста ба фаъолияти мақоми олии қонунгузор ва нақши он дар ташаккули институти қонунбарории мамлакат ба ҷавонон маълумот дода шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳайати ҷавонон вохӯрӣ намуд.
«Имрӯз Парлумони Тоҷикистон барои тақвияти ҳар чи бештари сохти давлатдорӣ, таҳким бахшидани волоияти қонун, ҳамоҳангсозии робитаҳо дар фазои ягонаи ҳуқуқии байналмилалӣ дар доираи бисёр созмонҳо ва иттиҳодҳои байнипарлумонӣ нақши арзишманд дорад. Ҳадаф ва мароми ин мақоми олӣ дар шароити кунунӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, Ваҳдати миллӣ, заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овардан барои рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҷомеаи давлат тавассути таҳия, қабули қонунҳо ва тасдиқи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад»,-иброз дошт Файзалӣ Идизода.
Иброз шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои ҳайати ҷавонон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати шиносоӣ бо Парлумони мамлакат мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки бинои нави Парлумони Тоҷикистон дар маркази пойтахт- хиёбони Рӯдакӣ воқеъ гардида, аз чор ошёна ва таҳхона иборат аст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр буда, бо гунбазаш 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 43 ҳазору 750 метри мураббаъ мебошад. Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ- ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудаанд. Бинои Парлумон шакли росткунҷа дошта, бо истифода аз усулҳои муосири сохтмон ва таҷҳизоти пешрафтаи муҳандисӣ сохта шудааст.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ






