Фаъолҷавонони шаҳри Душанбе бо фаъолияти Парлумони Тоҷикистон шинос шуданд

Май 3, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 2 май 220 нафар фаъолҷавонон, кормандони сохтори марказӣ ва зерсохторҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бинои Парлумони Тоҷикистон шинос гардиданд. Мақсад аз ин иқдом  тарбияи ҳуқуқии ҷавонон ва ошно сохтани онҳо бо фазои сиёсии мақоми олии қонунбарори мамлакат мебошад.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳайати ҷавонон бо шароит ва фазои сиёсии ин шоҳкорӣ — бинои тозабунёди Парлумони Тоҷикистон  аз наздик шинос шуданд. Инчунин вобаста ба фаъолияти мақоми олии қонунгузор ва нақши он дар ташаккули институти қонунбарории мамлакат ба ҷавонон маълумот дода шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода бо ҳайати ҷавонон вохӯрӣ намуд.

«Имрӯз Парлумони Тоҷикистон барои тақвияти ҳар чи бештари сохти давлатдорӣ, таҳким бахшидани волоияти қонун, ҳамоҳангсозии робитаҳо дар фазои ягонаи ҳуқуқии байналмилалӣ дар доираи бисёр созмонҳо ва иттиҳодҳои байнипарлумонӣ нақши арзишманд дорад. Ҳадаф ва мароми ин мақоми олӣ дар шароити кунунӣ ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, Истиқлолияти давлатӣ, манфиатҳои миллӣ, Ваҳдати миллӣ, заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам овардан барои рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҷомеаи давлат тавассути таҳия, қабули қонунҳо ва тасдиқи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад»,-иброз дошт Файзалӣ Идизода.

Иброз шуд, ки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ барои ҳайати ҷавонон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷиҳати шиносоӣ бо Парлумони мамлакат  мусоидат менамояд.

Ёдовар мешавем, ки бинои нави Парлумони Тоҷикистон  дар маркази пойтахт- хиёбони Рӯдакӣ воқеъ гардида, аз чор ошёна ва таҳхона иборат аст. Баландии бинои асосӣ 49,7 метр буда, бо гунбазаш 70 метрро ташкил медиҳад. Масоҳати умумии бинои Парлумон 43 ҳазору 750 метри мураббаъ мебошад. Дар ошёнаҳои бинои Парлумон толори маҷлисҳои якҷоя бо 1500 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳҳои палатаи болоӣ ва поёнӣ- ҳар кадоме бо 250 ҷойи нишаст, толори қабули меҳмонони олиқадр, маркази технология ва коммуникатсияҳои иттилоотӣ, маркази тиббӣ, китобхона, толор барои конфронсҳои матбуотӣ бо 350 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон ҷойгир карда шудаанд. Бинои Парлумон шакли росткунҷа дошта, бо истифода аз усулҳои муосири сохтмон ва таҷҳизоти пешрафтаи муҳандисӣ сохта шудааст.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 3, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Ҷаласаи Шурои коршиносию машваратии назди Шурои Ассамблеяи парламентии СААД баргузор гардид
Намояндагони парлумонҳои Осиёи Марказӣ масъалаҳои таъмини амнияти об, иқлим ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ карданд
Дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонӣ ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон Айбек Дадебай мулоқот намуданд
Дар Тоҷикистон Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ бо шоҳкориҳои Театри миллии Тоҷикистон шинос шуданд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунягозел Гулманова мулоқот намуданд
Файзалӣ Идизода бо Раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Пешниҳодҳои Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокдори ИДМ дастгирӣ ёфтанд