Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» ҷамъбаст карда мешавад

Май 6, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 06.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» ҷамъбаст мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар фестивал ҳунармандони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Узбекистон, Арманистон, Озарбойҷон, Эрон ва Федератсияи Русия иштирок намуданд. Давоми як ҳафта ҳунармандони ин давлатҳо намоишҳояшонро дар театрҳои Тоҷикистон манзури тамошобинон гардониданд.

Имрӯз, соати 10:00 ҳунармандони Театри давлатии академии дарамавии ба номи А. Лоҳутӣ намоиши «Достони Сиёвуш»-ро аз рӯи асари  «Шоҳнома»- Абдулқосим Фирдавсӣ  ба саҳна мегузоранд.

Имсол Фестивали байналмилалии театрҳои касбӣ «Наврӯз» дӯстдорони  санъати театрро аз дохил ва хориҷи мамлакат ҷамъ оварда, беҳтарин намоишҳоро пешниҳоди тамошобинон гардонид. Он бо мақсади  тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, табодули таҷриба ва дар ин замина такмил додани маҳорату малакаи ҳунарӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои эҷодии ҳамдигар ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди санъати театрӣ доир шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 6, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад