Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории Халиҷ баргузор гардид

Май 23, 2025 14:29

ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Рӯзи ҷаҳонии футбол имрӯз дар шаҳри Душанбе Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории Халиҷ (GCC)  баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар форум роҳбарон ва намояндагони бахши ҷавонон ва варзиши 10  давлати дунё ва зиёда аз 80 нафар ҷавонони хориҷӣ иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки «форум бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории Халиҷ (GCC), ки моҳи июли соли 2023 дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор гардида буд, пешниҳод шуда, дастгирӣ ёфт».

Форум ҳамчун платформаи фаромарзии ҷавонон ба тавсеаи ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ байни насли ҷавон, муаррифии иқтидор ва имконоти онҳо, инчунин ташвиқи ташаббусҳои муштарак дар самтҳои муҳимми рушди устувор, инноватсия, муҳити зист, варзиш, фарҳанг ва таҳкими муносибатҳои дӯстона байни давлатҳои ду минтақа нигаронида шудааст.

Дар ифтитоҳи форум таъкид гардид, ки аз ҷониби давлату Ҳукумати мамлакат ҳамасола барои дастгирии иҷтимоии ҷавонон ва боло бурдани ҳисси ватандӯстии онҳо стратегияҳо ва барномаҳои зиёди соҳавӣ қабул ва амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла, бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таъсиркунанда барои тарбияи маънавию ҷисмонии ҷавонон, инкишофи ҳисси ватандӯстӣ ва  муҳаббати онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, маърифатнокӣ, худогоҳӣ, инсондӯстӣ, ифтихор ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эмин нигоҳ доштани насли ҷавон аз таҳдидҳои замони муосир «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ  карда мешавад.

Илова бар ин барои амалишавии 10 самти афзалиятноки сиёсати давлатии кор бо ҷавонон, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» бармеояд, «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» дар сатҳи ҷумҳурӣ ва маҳал амалӣ карда мешавад. Дар заминаи ин барнома аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавонон қабул ва татбиқ мегарданд.

Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода изҳор дошт, ки дар шароити равандҳои муосири сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҷавонон ба манбаи стратегӣ табдил меёбанд, ки ин рушди на танҳо давлат, балки муносибатҳои байналмилалиро дар ояндаи дур муайян менамояд.

«Ҳамкории байнидавлатӣ метавонад на танҳо ба ноил шудан ба ҳадафҳои дар назди давлатҳо гузошта, балки ба самаранокии татбиқи барномаҳои миллӣ ва стратегияҳои рушд, аз ҷумла истифодаи неруи насли наврас низ таъсири назаррас расонад. Барои рушди ҳамаҷонибаи ҳар давлат неру, майлу эҷодкорӣ ва тафаккури навоваронаи ҷавононро истифода бурдан зарур аст», — гуфт раиси кумита.

Форум қадами муҳимму стратегӣ дар таҳкими пайванд байни насли ҷавони Осиёи Марказӣ ва давлатҳои аъзои Шурои ҳамкории Халиҷ арзёбӣ мешавад. Баргузории чунин ҳамоишҳо на танҳо ба рушди шабакаи ҳамкорӣ байни ҷавонон мусоидат менамояд, балки ба рушди дипломатияи мардумӣ ва таҳкими дӯстию ҳамдилӣ байни давлатҳо низ такони нав мебахшад.

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Май 23, 2025 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Аз 22 то 24 декабр дар бештари ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани туман ва резиши қирав боқӣ мемонад
Паём — роҳнамои татбиқи идеяҳои низоми давлатдории миллӣ