Форуми муколамаи вазирон дар заминаи устувории иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи об баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тағйирёбии иқлим боиси он гардидааст, ки бояд тамоми давлатҳо нисбат ба ҳифз ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, алалхусус ҳифзу нигоҳдории пиряхҳо тадбирҳои бунёдӣ андешанд. Ин матлаб имрӯз зимни Форуми муколамаи вазирон оид ба устувории иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе доир гардид, баён гардид.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода зимни ифтитоҳи форум иброз намуд, ки обшавии босуръати пиряхҳо метавонад боиси афзоиши офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ, ярч ва хушксолиҳои тӯлонӣ гардад, ки ин дар навбати худ ба суботи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таҳдид менамояд.
Форум аз ду ҷаласа иборат буда, дар ҷаласаи аввал сиёсатмадорони сатҳи баланд, аз ҷумла вазирони муҳити зист стратегияҳо ва сиёсатҳои миллӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, мутобиқсозии иқлим ва ҳамкории обро баррасӣ намуданд.
Ҷаласаи дуюм ба бунёди шабакаҳо ва шарикӣ барои муттаҳид кардани кӯшишҳои ҳифзи табиат тавассути ҷалби ҷомеаҳо, бахусус ҷавонон, занон, академияҳо ва бахши хусусӣ равона гардид.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки тағйирёбии иқлим яке аз масъалаҳои муҳим ва ҷиддии глобалӣ дар замони муосир дониста мешавад. Он ба табиат ва ҳам ба инсоният таъсири манфӣ мерасонад. Таъсири манфии он дар шакли баланд шудани ҳарорати миёнаи ҳаво дар сайёра, тағйир ёфтани реҷаи бориш, афзоиши фишори офатҳои табиӣ ва таназулёбии экосистемаҳои табиӣ мушоҳида мегардад. Яке аз пайомадҳои аён ва нигаронкунанда дар натиҷаи тағйирёбии иқлим — обшавии босуръати пиряхҳо мебошад, ки таъсири амиқ ва тахрибикунанда ба захираҳои об, мувозинати экологӣ ва устувории иқтисодиро дар тамоми сайёра дар пай дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»
Истифодаи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатии Тоҷикистон мебошад
Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд






