ФУТБОЛ ҶАҲОНӢ ШУД! Дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ ва мусобиқаи футбол доир шуд
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки ҳамасола 25 май дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад, дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардида, инчунин байни корхонаҳои «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мусобиқаи футбол ташкил карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иттилоъ доданд.
Мусобиқа аз 1 то 21 май идома ёфта, дар он 10 дастаи корхонаҳои тобеи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» иштирок намуданд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ва маросими ҷамъбасти мусобиқаи футбол роҳбарият ва кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» доир ба саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаҳонӣ шудани футбол, ҷойгоҳи ин навъи варзиш дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву рафоқат ва муттаҳидии ҷомеаи ҷаҳон сухан намуданд.
Дар фарҷом ғолибон бо медалу ҷом ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Бозии футбол дар Тоҷикистон дар партави дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш густариш меёбад. Ин аст, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон чандин варзишгоҳҳои бузург барои бозии футбол бунёд гардиданд, ки ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошанд. Инчунин дар ҳар маҳаллаи аҳолинишини мамлакат барои рушди футбол майдончаҳои варзишӣ сохта шудаанд, ки дар онҳо наврасон бештар ба бозии дӯстдоштанӣ- футбол машғул мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки 7 майи соли 2024 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатънома 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард. Ташаббуси эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешниҳод шудааст. 25 майи соли 2024 дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид кишварҳои аъзо нахустин бор Рӯзи ҷаҳонии футболро таҷлил намуданд, ки он бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавассути қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид №A/RES/78/281 қабул гардида буд. Ин маъракаи таърихӣ бо ибтикори ҳаммуалифони асосии қатънома – намояндагиҳои доимии Тоҷикистон, Баҳрайн ва Ливия ташкил карда шуд. Дар қатънома аҳамияти дар руҳияи сулҳ, ҳамфикрӣ, ҳамкории байналхалқӣ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва бе ҳеҷ гуна табъиз гузаронидани чорабиниҳои бузурги варзишӣ таъкид шудааст.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки футбол фарҳанги умумиҷаҳонӣ аст, ки марзҳои миллӣ, монеаҳои забонӣ ва тафовутҳои иҷтимоию иқтисодиро убур менамояд. Футбол варзише аст, ки ҷаҳонро муттаҳид месозад ва бо забони ҳамагонӣ сухан мегӯяд, яъне имрӯз аз кӯчаҳои пур аз мухлиси шаҳрҳои бузург сар карда, то деҳаҳои дурдасттарини ҷаҳон футболро мешиносанду бозӣ мекунанд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»




























Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






