Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивали оила ва кӯдак дар шаҳри Кванҷуи Корея ташкил карда шуд

Май 5, 2025 10:36

ДУШАНБЕ, 05.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3-4 май дар Маркази фарҳангии Осиёи Ҷумҳурии Корея дар шаҳри Кванҷу Фестивали фарҳангии оила ва кӯдак бо иштироки намояндагиҳои дипломатии кишварҳои Осиё, муассисаҳои фарҳангӣ, осорхонаҳо ва ширкатҳои Корея баргузор шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд, намояндагии дипломатии мамлакат дар ин чорабинӣ гӯшаи фарҳангии Тоҷикистонро ба намоиш гузошт.

Иштирокчиён имкон пайдо намуданд либосҳои миллии тоҷикиро ба бар намуда, бо таърих, фарҳанг ва бозиҳои миллиамон аз наздик шинос шаванд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея

Май 5, 2025 10:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд