Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Al-Khwarazmi» сазовори 12 ҷойи ифтихорӣ гардиданд

Май 13, 2025 17:17

ДУШАНБЕ, 13.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии «Al-Khwarazmi» сазовори 12 ҷой, аз ҷумла 1 медали тилло, 4 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо хабар доданд.

Олимпиадаи байналмилалии «Al-Khwarazmi» аз 7 то 13 май дар  шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида, дар он 18 хонандаи тоҷик аз фанҳои математика ва технологияи иттилоотӣ иштирок намуд.

Олимпиада дар татбиқи бандҳои дахлдори барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон гардидани солҳои 2020-2040» ва «Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025» саҳм мегузорад.

Иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии мамлакат дар олимпиадаҳои байналмилалӣ имкон медиҳад, ки хонандагон ба фазои олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ ворид гардида, таҷрибаи давлатҳои пешсафро омӯзанд. Ба ин восита онҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои ҷаҳонӣ таҷрибаи кофӣ меандӯзанд.

АКС: Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Май 13, 2025 17:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишгоҳи политехникии Москва бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ ва фарҳанги истифодаи неруи барқ ҳамоиш доир шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб оид ба ташаккули фарҳанги муошират конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Дар Тошканд Форуми байналмилалии «Осиёи Марказӣ фазои нави маориф, илм ва инноватсия» баргузор гардид
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад