Ҳифзи пиряхҳо омили муҳими суботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ маҳсуб мешавад

Май 6, 2025 15:46

ДУШАНБЕ, 06.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода дар мавзуи «Ҳифзи пиряхҳо – омили муҳими суботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.

Ҳамоиш аз ҷониби кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29 — 31 майи соли 2025) дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки ҳамаи мушкилоти экологии сайёра ба вазъи солимии аҳолӣ бе таъсир намемонад. Некуаҳволӣ, рушди иқтисодӣ ва солимии насли оянда аз солимии табиат  вобастагии зич дорад. Тағйироти кӯчактарин дар биосфера ба гардиши ғизоӣ, амнияти озуқаворӣ, иқтисодиёт ва шароити иҷтимоии сокинони мамлакат ва сайёра таъсир мерасонад. Муносибати ғайриоқилона бо табиат, зиёд гаштани талаботи саноат ба об, равандҳои биёбоншавӣ ва истифодаи аз меъёр зиёди об метавонад ба оқибатҳои ногувор оварда расонад.

60%-и обҳои ошомидании давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумҳурии мо сарчашма мегирад ва ин захираҳои об бояд ҳифз ва ба наслҳои оянда ба мерос гузошта шаванд.

Дар ҳамоиш Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аминҷон Гулаҳмадзода, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Назриалло Шерализода, сардори Сарраёсати Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Абдуразоқзода оид ба ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим сухан гуфтанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2025 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ