Ингминг Янг: «Бонки Осиёии рушд ҳамкории судмандро бо Тоҷикистон мутобиқ ба стратегияи шарикии мамлакат таҳким мебахшад»
ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Бо хушнудӣ таъкид менамоям, ки маротибаи аввал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, бо фарҳанги ғанӣ ва меҳмоннавозии гарми мардуми тоҷик аз наздик шинос шудам», — гуфт ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг зимни нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон баъд аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ингминг Янг иброз дошт, ки дар мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили муҳими рушди иқтисодӣ ва тавсеаи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд баррасӣ гардид.
«Мо бар он назарем, ки рушди устувори мамлакат бояд ба воситаи тақвияти бахши хусусӣ, таъсиси ҷойи нави кор, рушди инфрасохтор, густариши рақамикунонии иқтисод ва истифодаи манбаъҳои энергияи «сабз» амалӣ гардад», — таъкид намуд Ингминг Янг.
Ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд изҳор намуд, ки рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан таҳсилоти касбӣ ва омӯзиши малакаҳои нав дар шароити муосири тағйирёбандаи иқтисодӣ ва экологӣ барои беҳбуди зиндагии мардум аҳамияти бузург дорад. Таъкид шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд аз соли 1998 инҷониб идома дошта, то имрӯз бонк ба мамлакат зиёда аз 2,7 миллиард доллари ИМА кумаки молиявӣ ҷудо намудааст.
Ингминг Янг инчунин иттилоъ дод, ки бонк барномаи нави минтақавии «Пирях ва хоҷагиҳо – (Glacier to Farms)»-ро амалӣ менамояд. Ҳадафи он истифодаи устувори захираҳои об, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ҳимояи муҳити зист дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақа мебошад.
«Бонки Осиёии рушд ҳамкории амиқ ва пурмуҳтавои худро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, минбаъд низ омода аст дар самтҳои афзалиятноки рушди мамлакат мутобиқ ба стратегияи шарикии мамлакат ва барномаҳои миллии рушд дастгирии худро идома диҳад», — изҳор дошт ноиби Президенти бонк.
Дар анҷом Ингминг Янг аз имкони вохӯрӣ бо роҳбарияти олии мамлакат ва муколамаи созандаи дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, гуфт, ки ин ҳамкории судманд дар оянда боз ҳам таҳким хоҳад ёфт.
Ёдовар мешавем, ки ноиби Президенти Бонки Осиёии рушд Ингминг Янг барои иштирок дар аввалин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ба Душанбе ташриф овардааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дурнамои таҳкими ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар Душанбе баррасӣ гардид
Раванди татбиқи лоиҳаи муштараки «Диёри Душанбе» дар Қатар баррасӣ карда шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Савдои фаромарзии бекоғаз ва ҳамгироии минтақавӣ» баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Дар ноҳияи Дарвоз бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 11 иншоот ифтитоҳ гардид
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии Бадахшон беш аз 26 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
Пешвои миллат: «Маҷмуи маҳсулоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 25 соли охир 93 баробар афзоиш ёфтааст»
Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст
Сироҷиддин Муҳриддин нақши фаъоли Тоҷикистонро дар доираи СММ ва саҳми ташаббусҳои байналмилалӣ таъкид намуд
Дар Бадахшон корҳои сохтмонии зеристгоҳи барқии «Шарифобод» оғоз гардид






