КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Барои меҳмонон хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда мешаванд

Май 21, 2025 09:49

ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Барои меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 май дар шаҳри Душанбе доир мегардад, хатсайрҳои сайёҳи ташкил карда мешаванд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи баргузории конфронс 1 июн меҳмонони хориҷӣ Неругоҳи барқи обии «Роғун», Неругоҳи барқи обии «Норак», Қалъаи Ҳисор, дараи Ромит, минтақаҳои сайёҳии Сиёма, Сафеддара ва дар шаҳри Душанбе мавзеъҳои таърихию- фарҳангӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо менамоянд.

Ин хатсайрҳо бо мақсади муаррифӣ намудани имконияти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби гардишгарони хориҷӣ ба мавзеъҳои сайёҳии мамлакат амалӣ карда мешаванд.

Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо бо ҳамоҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ ва сохторҳои низомии Созмони Милали Муттаҳид баргузор карда мешавад. Конфронс платформаи муҳими ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, ки ҳадафаш ҷамъ овардани ҷомеаи илмӣ, пешвоёни сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар посух ба таҳдидҳои афзояндаи коҳиши босуръати пиряхҳо мебошад.

Интизор меравад, ки дар Конфронси байналмилалиии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо наздик ба 1700 намоянда аз давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла коршиносони байналмилалӣ, сиёсатмадорон, олимон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намоянд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз аҳаммияти пиряхҳо ва пешгирии обшавии босуръати он, пешбурди талошҳои глобалӣ барои рафъи обшавӣ ва таъсири густурдаи он тавассути амалиёти муштарак, навовариҳои илмӣ ва ҳамоҳангии амалҳо мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 21, 2025 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»