КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Барои омӯзиши пиряхҳо ва мониторинги иқлим бояд марказҳои муштараки илмӣ таъсис дода шаванд

ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи ҷаҳон аз баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 май), ки бо ташаббуси Тоҷикистон нахустин маротиба дар ҷаҳон оид ба обшавии босуръати пиряхҳо доир мегардад, чӣ интизориҳо дорад? Ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ дар ин хусус чунин ибрози андеша намуд:
— Имрӯз ба касе пӯшида нест, ки об сарвати табиӣ ва заминаи бунёди тамаддуни ҷаҳонӣ буда, барои ҳамаи самтҳои рушди давлатҳою миллатҳо аҳамияти хосса дорад. Гузашта аз ин об фарогири арзишҳои фарҳангӣ, динӣ ва идеологию илмӣ низ мебошад.
Дарёҳои фаромиллиро дар сарҳадҳои сиёсию маъмурии як давлат нигоҳ доштан ё маҳдуд намудан имкон надорад. Ҳамин аст, ки дарёҳои фаромиллию фаромарзӣ боиси ба вуҷуд омадани ҳавзаҳои ягонаи обӣ дар миқёси минтақа ва ҷаҳон гашта, ба фишанги ба якдигар таъсир расонидани давлатҳо табдил меёбанд. Ин ҷо мавқеи давлатҳои болообу поёноб аз ҳам фарқ дошта, давлатҳое, ки дар саргаҳи об қарор доранд, ба давлатҳои поёноб хост ва манфиати худро бо роҳу усулҳои гуногун талқин карда метавонанд.
Тавре мебинем, об ба василаи муносибатҳои байни давлатҳо табдил ёфта, дар муносибатҳои дуҷониба, бисёрҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ мавқеи муҳимро касб менамояд. Ба таври дигар гӯем, об имрӯз предмети муносибатҳои дипломатӣ гардидааст. Ҳоло он боиси пайдоиши самти нави муносибатҳои дипломатӣ – дипломатияи об гардидааст. Чунин шакл гирифтани масъала давлатҳоро водор менамояд, ки мушкилоти ҳалли масоили об ва мудирияти онро якҷоя, дар ҳамбастагӣ ва бо назардошти манфиатҳои ҷонибҳо ҳал намоянд.
Директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Рустам Ҳайдарзода дар мақолаи дорои аҳамияти байналхалқии «Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» барои таъмини субот ва амният дар Авруосиё, аз ҷумла чунин менависад: «Истеъмоли об дар ҷаҳон, аз ҷумла дар соҳаи саноат давоми зиёда аз 100 соли охир босуръат афзоиш меёбад. Тибқи маълумоти Созмони Милали Муттаҳид, тақрибан 700 миллион нафар дар 43 кишвари ҷаҳон дар шароити норасоии оби тоза зиндагӣ ба сар мебаранд».
Давоми таърих борҳо шудааст, ки камбуди об сабаби ихтилофу муноқишаю ҷангҳо байни давлатҳо гардидааст. Бино ба маълумоти расмӣ, камбуди захираҳои об ба зиддиятҳои байни давлатҳо афзоиш мебахшад. Дар ин ҳолат муноқишаҳо оид ба масоили норасоии об махсусияти байнидавлатӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ касб намуда, ба мушкилоти ҳалнашуда табдил меёбанд.
Мушкилоти экологӣ дар сайёраи Замин хеле зиёданд. Аммо ҳоло давлатҳою миллатҳоро бештар мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ба ташвиш овардааст. Беҳуда нест, ки мушкилоти тағйирёбии иқлим, масоили норасоии оби нӯшокӣ, обшавии босуръати пиряхҳо ва таъмини амнияти экологии инсоният меҳвари ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ташкил медиҳанд.
Дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин сатрҳоро мехонем: «Ҳадаф аз ин ташаббусҳо таъкиди зарурати ҳамкории созанда дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ҷиҳати бақои ҳаёт ва рушди устувори инсоният аст. Вобаста ба ин, яке аз афзалияти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини нақши созандаи мамлакат дар масъалаҳои марбут ба об дар минтақа ва дар арсаи байналмилалӣ мебошад, ки ҳам ба манфиатҳои миллӣ ва ҳам ба нафъи ҷомеаи ҷаҳонӣ созгор аст…». Ин сатрҳо моҳияту аҳамияти ҳамаи ташабусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти обу иқлим хеле хуб бозгӯӣ менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мақолаи худ, ки дар маҷаллаи «Нигориши СММ» таҳти унвони «Об барои рушди устувор» 24 марти соли 2018 ба нашр расида буд, чунин навиштаанд: «Ҳанӯз соли 2007 зимни суханронӣ дар Саммити 1-уми оби кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором гуфта будам, ки «рушди ояндаи ҷаҳонӣ чунин аст, ки арзиши об метавонад аз арзиши нефт, газ, ангиштсанг ва дигар захираҳое, ки барои рушди устувори ҳар мамлакат ва минтақа заруранд, боло равад». Бо гузашти 10 сол таҳқиқоти зиёде гузаронида шуданд, ки бо далелу рақамҳо дуруст будани ин гуфтаҳоро тасдиқ намуданд ва ин боис гашт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи худро барои ҳалли мушкилоти об тақвият бахшад».
Дар сатҳи глобалӣ мушкилот ва муаммоҳои экологӣ зиёданд, аммо фоҷеаи мудҳиш барои Осиёи Марказӣ хушкшавии баҳри Арал ба шумор меравад. Оби дарёҳои фаромарзии Сир ва Ому ба баҳри Арал мерезад. Солҳои охир оби ин дарёҳо ба баҳри Арал хеле кам ҷорӣ мешаванд. Ҳоло ҷоришавии оби дарёҳои Сир ва Ому ба баҳри Арал 86 фоиз кам шудааст.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода дар мақолаи «Баҳри Арал ва мушкилоти вобаста ба он. Ташаббусҳои глобалии Президенти Тоҷикистон дар масъалаи обу иқлим ба рафъи ин мушкилоти аср мусоидат менамояд» дар бораи фоҷиаи баҳри Арал чунин нигоштааст: «Баҳри Арал ҳоло тибқи мулоҳизаҳои коршиносони Созмони Милали Муттаҳид ба яке аз калонтарин фоҷиаҳои экологии сайёра табдил ёфтааст. Ҳаҷми баҳр солҳои охир чор маротиба хурд, майдонаш ду баробар кам, сатҳаш бештар аз 15-16 метр паст шуда, соҳилаш то 80-100 километр қафо рафтааст, яъне тамоюл ба хушкидан овардааст. Бо минералҳо омехташавии об то 4 маротиба афзуда, баъзе ҷойҳо ба намакзор табдил ёфтаанд. Биёбон 2 миллион гектар заминҳои корамро фурӯ бурда, доираи ҳаракати тӯфони чанг ба 500 километр расид. Миқдори моҳиҳо аз 200 ба 38 намуд расид. Мардуми соҳилҳои Арал, хусусан калонсолону кӯдакон гирифтори бемориҳои вазнин шуда истодаанд. Фоҷиаи баҳр ҷараёни обшавии пиряхҳои Осиёи Марказиро тезонида, барои мардуми минтақа воқеан ба мушкилот мубаддал мешавад. Баҳри Арал, ки мисли нигине дар байни сарзамини хушку ташналаб медурахшид ва вазъи экологии минтақаро муътадил нигоҳ медошт, дар манзари инсоният аз байн рафта истодааст».
Тавре ки Иттифоқи байналхалқии нигоҳдории тандурустӣ маълумот медиҳад, атрофи баҳри Арал дар ҳудуди 400 000 км ҳамчун минтақаи фалокати экологӣ дониста шудааст, ки дар он қариб 5 миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд. Пастшавии сатҳи об дар як сол 0,5 метрро ташкил медиҳад. Агар ин раванд минбаъд низ давом ёбад, аз Арал ба маълумоти мутахассисон, ғайри биёбони намакин чизе боқӣ намемонад.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баромадан ба сатҳи комилан нави боэътимоди муносибатҳо оид ба масъалаи обу энергетика даст ёфтанд. Истифодаи имконоти бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон ба таъмини кишварҳои минтақа бо ҳиссаи зиёди энергетикаи аз лиҳози экологӣ тоза имкон медиҳад.
Дурнамои рушди ҳамгироии минтақавӣ ва таъмини амният дар минтақа бештар ба ҳалли минбаъдаи масоили обу энергетика вобаста хоҳад буд. Истифодаи муштараки захираҳои бузургу нодири минтақа ва рушди муштарак татбиқи манфиатҳои кишварҳоро дар соҳаи сиёсату иқтисод ва фарҳангу амният кафолат дода метавонад.
Кишварҳои поёноби дарёҳои фаромарзӣ норасоии захираҳои обӣ доранд. Ба Туркманистон аз хориҷ беш аз 95%, Узбекистон — 77% ва Қазоқистон — беш аз 40% об ворид мешавад. Беш аз 60%-и захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегиранд. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 64 миллиард метри мукааб об ташаккул меёбад. Ҷумҳурӣ аз ин ҳаҷм дар амал ҳамагӣ то 17%-ашро истифода менамояд.
Тибқи маълумоти охирин, захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ (Амударё ва Сирдарё) байни кишварҳои минтақа ба тариқи зайл тақсим шудаанд:
-маҷрои Сирдарё: Узбекистон – 50,5%, Қазоқистон – 42%, Тоҷикистон – 7% ва Қирғизистон – 0,5%;
-маҷрои Амударё: Узбекистон – 42,2%, Туркманистон – 42,3%, Тоҷикистон – 15,2% ва Қирғизистон – 0,3%.
Осиёи Марказӣ яке аз минтақаҳои осебпазир ба тағйирёбии иқлим ва танқисии об маҳсуб мешавад. Тоҷикистон бо доштани зиёда аз 60% манбаъҳои оби минтақа ва беш аз 13 000 пирях яке аз кишварҳои калидии таъмини устувории об дар минтақа ба шумор меравад.
Тоҷикистон сарчашмаи асосии обҳои Амударё ва Сирдарё мебошад, ки 77 ва 37 фоизи оби онҳо мутаносибан аз қаламрави ҷумҳурии мо оғоз мегирад (FAO, AQUASTAT, 2021). Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо шуда, ба муҳити зист ва тақсими об дар минтақа таъсир мегузорад. Масалан, пиряхи Ванҷях, калонтарин пиряхи континенталӣ дар Осиёи Марказӣ ҳар сол то 16 метр ақиб меравад.
Дар доираи Лоиҳаи «Пиряхҳо дар хатар» (Glaciers under Threat), ки бо маблағгузории GIZ ва UNEP дар Тоҷикистон ва Қирғизистон амалӣ мегардад, истгоҳҳои обуҳавосанҷӣ барои мониторинги пиряхҳо ва обшавии онҳо насб карда шудаанд (GIZ, 2020).
Соли 2018 дар доираи сафари расмии Президенти Узбекистон ба Тоҷикистон Созишномаи ҳамкории обу энергетикӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои об ба имзо расид. Узбекистон омодагии худро барои иштирок дар таҳияи лоиҳаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» изҳор карда, дар ҳамоишҳои байналмилалии марбут ба он иштирок намуд.
Қазоқистон ва Тоҷикистон дар Форуми оби Осиёи Марказӣ (Central Asian Water Forum) ва Механизми минтақавии идоракунии захираҳои об бо роҳбарии IFAS (Фонди байналмилалии наҷоти баҳри Арал) иштирок мекунанд.
Нақшаи ҳамкории минтақавӣ оид ба захираҳои обӣ (Regional Water Cooperation Plan) таҳти сарпарастии CAREC ва IFAS платформаи муҳими табодули иттилоот ва ҳамоҳангсозии сиёсати обӣ дар минтақа мебошад.
Ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон, аз ҷумла «Даҳсолаи байналмилалии амал: Об барои рушди устувор (2018–2028)» тавассути қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид амал менамояд.
Тоҷикистон аз соли 2022 аъзои фаъоли Платформаи иқлими Осиёи Марказӣ (CAMP4ASB) мебошад, ки дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ татбиқ шуда, ҳадафаш беҳтарсозии иқтидори муқобилият бо тағйирёбии иқлим ва мубодилаи маълумоти обу иқлим аст.
Таҳлили воқеӣ нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи об ва иқлим на танҳо нақши таъминкунандаи об, балки ташаббускори сиёсатҳои устувори минтақавӣ ва байналмилалиро мебозад. Аммо барои муваффақияти устувори ин равандҳо бояд:
-механизмҳои мубодилаи маълумоти илмӣ тақвият дода шаванд.
-марказҳои муштараки илмӣ барои омӯзиши пиряхҳо ва мониторинги иқлим таъсис ёбанд.
-созишномаҳои ҳуқуқии обӣ дар сатҳи дуҷониба ва панҷгона ба таври бонизом таҷдид ва таҳким ёбанд.