КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Душанбе масоили кунунии мониторинги пиряхҳо дар Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 31 май дар «Кохи Сомон» дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ҷаласа дар мавзуи «Талабот ба мониторинги пиряхҳо дар саросари ҷаҳон» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Тавре иброз гардид, набудани мушоҳидаҳо дар баландкӯҳҳо, бахусус дар ҳавзаҳои пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун мушкилии асосӣ боқӣ мемонад. Ин пешгӯӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкил мекунад. Хароҷоти баланд, захираҳои маҳдуд, минтақаҳои дурдаст ва салоҳияти пароканда ба эҷоди системаҳои мониторинги устувор монеъ шудаанд.
Вазъияти кӯҳҳои Тян-Шон ва Помир, ки криосфера манбаи асосии оби тоза мебошад, низ тоқатнопазир аст. Маълумот аз ин минтақаҳо дар таҳияи стратегияҳои коҳиш додани тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ нақши калидӣ мебозад.
Стефан Уленбрук, директори гидрология, захираҳои об ва криосфераи Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (WMO) дар сухани ифтитоҳияш таъкид кард, ки «мо дарк кардем, ки то чӣ андоза дастгирии мунтазами мониторинги пиряхҳо, бахусус дар минтақаҳои дурдаст ва дастнорас муҳим аст. Ҳамкорӣ бо Осиёи Марказӣ самти асосии кори мо шудааст».
Директори Агентии обуҳавошиносии назди Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Қурбонзода иброз дошт, ки «барои мо муаррифии таҷрибаи Тоҷикистон дар криосфераи баландкӯҳ ва таъкид кардани аҳамияти кӯшишҳои миллӣ оид ба таҳкими шабакаи мушоҳидаҳо дар шароити тағйирёбии иқлим муҳим буд».
Дар иҷлосия иштирокчиён гузоришро дар бораи вазъи пиряхҳо, имкони мониторинги моҳвораӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ ва қутбӣ шунида, кори истгоҳи нодири обуҳавошиносии баландкӯҳи Горбунов дар пиряхи Ванҷяхи Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Зарурати барномаҳои дарозмуддати ҳукуматӣ ва ҳамкории минтақавӣ барои баланд бардоштани сифат ва фоиданокии маълумоти иқлим, бахусус дар заминаи таҳлили тамоюлҳои дарозмуддати тағйирёбии иқлим низ баррасӣ карда шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
Бо ташаббуси Тоҷикистон СММ 31 августро Рӯзи байналмилалии зеҳни сунъии бехатар, ҳифзшуда ва боэътимод эълон намуд
Антониу Гутерриш: «Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об ва пиряхҳо нақши пешсаф дорад»
Оид ба ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи пиряхҳо конфронси илмии ҷумҳуриявӣ доир шуд






