КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар рӯзи дуюм аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд

Май 31, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе идома меёбад. Дар доираи конфронс имрӯз аз рӯйи шаш мавзуъ ҳамоишҳои канорӣ доир мегарданд.

Дар чаҳорчӯби конфронс аз 29 то 31 май баргузории 8 форуми мавзуӣ, 18 чорабинии канорӣ (сайд-ивентҳо), 12 ҷаласаи мавзуӣ, Фестивали пиряхҳо,  намоишгоҳҳои байналмилалӣ ва 2 ҷаласаи пленарӣ гузаронида мешавад.

Конфронс ба рӯйдоди муҳими ҷаҳонӣ дар самти таҳияи қарорҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим— масъалаҳое, ки сол ба сол шадидтар ва муҳимтар мегарданд, табдил гардидааст.

Дар конфронси сатҳи баланд 2500 намоянда аз 80 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти байналмилалӣ иштирок доранд. Дар байни онҳо сарвазир, ноибони президентҳо, муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, вазирон ва дигар мансабдорони баландпоя ҳастанд.

Ин конфронс аввалин ҳамоиши сатҳи баланди ҷаҳонӣ мебошад, ки бо иштироки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба масъалаи обшавии пиряхҳо бахшида мешавад.

Ин чорабинӣ аз ҷониби беш аз 500 намояндаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла намояндагони расонаҳои маъруфи хориҷӣ, аз қабили «Ал-Ҷазира», «Euronews», «TRT-Avaaz», «France-Presse», «ИТАР-ТАСС»  ва дигарон  инъикос гардида истодааст.

Инчунин зиёда аз 120 волонтёр дар тамоми марҳилаҳои конфронс фаъолона иштирок намуда, бақайдгирӣ, логистика, дастгирии меҳмонон, тарҷума ва кумак дар баргузории чорабиниҳои мавзуиро таъмин менамоянд.

Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо Тоҷикистон ба майдони калидии байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим табдил ёфтааст. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, гузаронида мешавад.

АКС аз Дидор Саъдуллоев

Май 31, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд