КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар Сафеддара «Eco-Run For Glacier» доир мешавад
ДУШАНБЕ, 22.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 1 июни соли равон дар Маҷмааи лижаронии Сафеддара «Eco-Run For Glacier» /«Эко-пойга барои пиряхҳо»/ баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи конфронс.
Ҳадафи пойгаи экологӣ ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва обшавии босуръати пиряхҳо мебошад, ки барои захираҳои обии Тоҷикистон ва дар маҷмуъ минтақа аҳамияти хосса доранд.
Дар мусобиқа меҳмони махсус: Каролин Глайх- фаъоли машҳури иқлим ва лижарони касбӣ дар ҷаҳон иштирок менамояд. Мусобиқа дар мавзеъҳои зебоманзари Сафеддара, воқеъ дар километри 50-уми Душанбе, дар баландии 1600 метр аз сатҳи баҳр гузаронида мешавад. Иштирокчиёни мусобиқаро ҳавои тозаи кӯҳсор, нурҳои дурахшони Офтоб ва манзараҳои дилфиреби табиати кӯҳистони Тоҷикистон интизоранд.
Мусобиқа дар чунин марҳилаҳо гузаронида мешавад:
Challenge Mountain — 5 км: масир бо баландшавӣ аз 2200 метр то 2900 метр.
Экиден (эстафета) — 5 км: даста иборат аз 4 нафар, ки ба ҳар кадоми онҳо 1250-метрӣ рост меояд.
Масири яхбандӣ — 1600 метр: масири ҳамвор дар баландии 2200 метр. Чорабинӣ 7-8 соат давом намуда, аз оғоз, маросими ҷоизасупорӣ ва хӯроки нисфирӯзӣ дар ҳавои тоза иборат мебошад. Мусобиқа барои ҳама кушода аст, аммо иштирокчиён бояд дар ҳолати хуби ҷисмонӣ бошанд ва пеш аз баргузории чорабинӣ дар бораи масъулияти шахсӣ санад имзо намоянд.
Макони вохӯрии иштирокчиёни «Eco-Run For Glacier»- пойгаи экологӣ барои пирях 1 июн, соати 07:00 дар майдони назди Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе муайян карда шудааст.
Созмондиҳандагон таъкид менамоянд, ки баргузории пойга дар чаҳорчӯби конфронс аҳамияти муҳими рамзӣ дошта, ба муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувори манотиқи кӯҳистон нигаронида шудааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо








Намояндаи Тоҷикистон дар брифинги Конвенсия оид ба ботлоқзор дар Женева иштирок намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд






