КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Иштирокдорони ин чорабинӣ бо мероси ғании фарҳангии мардуми тоҷик аз наздик шинос мешаванд
ДУШАНБЕ, 17.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки 29-31 майи соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ба иштирокдорон имконияти беназир фароҳам меорад, ки на танҳо мушкилоти марбут ба обу иқлимро дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ намоянд, балки бо мероси ғании фарҳангии мардуми тоҷик аз наздик шинос шаванд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи конфронс иттилоъ медиҳад, дар доираи конфронс баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ба иштирокдорон имкон медиҳад бо фазои анъана, ҳунар ва меҳмоннавозии Тоҷикистон аз наздик шинос шаванд. Аз ҷумла, намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва ҳунарҳои дастию санъати тасвирӣ, ки дар он маҳсулоти ҳунармандони тоҷик — аз гулдӯзӣ ва қолинбофӣ то заргарӣ ба намоиш гузошта мешавад.
Инчунин меҳмонон имкон доранд таъму лаззати таомҳои миллиро, ки инъикоскунандаи гуногунии гастрономӣ ва анъанаҳои қадимии ошпазии Тоҷикистон мебошанд, бичашанд. Ҳамзамон намоиши обҳои нӯшокӣ, манбаъҳои табиӣ ва сарватҳои оби минтақа ташкил карда мешавад. Дар барномаи калони консертӣ бо иштироки ҳунармандони шинохта, устодони санъат, ансамблҳо ва дастаҳои ҳунарӣ мерос ва санъати мусиқӣ ва рақси тоҷикон пешниҳоди иштирокдорони конфронси сатҳи баланд гардонида мешавад.
Дар барномаи либосҳои миллӣ пироҳанҳои гуногуни суннатӣ аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон намоиш дода мешаванд. Бояд тазаккур дод, ки барномаҳои намоишӣ ва намоишҳои мавзуӣ таърих ва асолати фарҳанги нотакрори тоҷиконро инъикос менамоянд. Фарҳанги миллии тоҷикон решаҳои амиқи таърихӣ дошта, бо анъанаҳои бостонии худ, ёдгориҳои нодири хатӣ, осори аслии санъати тасвирӣ, инчунин мероси мусиқии худ дар ҷаҳон машҳур аст.
Дар байни рамзҳои ҷолибтарин чакан аст, ки ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил карда шудааст, инчунин жанрҳои анъанавӣ мусиқии Шашмақом ва Фалак мебошанд. Мусиқии мардумӣ ва фарҳанги Тоҷикистон бой ва гуногун аст.Онҳо хислату ҳиссиёти мардум, тарзи зиндагонӣ, меҳнат, урфу одат ва анъанаҳои тоҷиконро таҷассум менамоянд.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо чорабинии муҳим ва калидӣ буда, дар чаҳорчӯби эълон гардидани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 14 декабри соли 2022 дар иҷлосияи 77-уми Созмони Милали Муттаҳид бо дастгирӣ ва иттифоқи орои 150 давлати аъзои Созмон якдилона дастгирӣ ёфт, баргузор мегардад.
Дар конфронси сатҳи баланд иштироки беш аз 1 ҳазор ҳайатҳо, аз ҷумла коршиносони байналмилалӣ, сиёсатмадорон, олимон ва намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ дар назар аст. Муттаҳид намудани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои таҳияи стратегияҳои муассири ҳифзи пиряхҳо ва идоракунии устувори захираҳои об аз ҳадафҳои асосии конфронси сатҳи баланд мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд






