КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Ташаббусҳои Пешвои миллат таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилии обшавии пиряхҳо ҷалб намудаанд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 29 май дар шаҳри Душанбе дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо 8 форуми мавзуӣ баргузор мегардад ва бегоҳи рӯз меҳмонон дар Фестивали бошукуҳи пиряхҳо иштирок хоҳанд кард,- чунин хабар дод ба мухбири АМИТ «Ховар» сардори Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ.
Бино ба иттилои мусоҳиб, ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соли охир ва даъватҳои пайвастаашон аз минбарҳои гуногуни байналмилалӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба мушкили обшавии пиряхҳо ба қабули қарорҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат намуданд. Дар натиҷа дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсус қабул гардид, ки тибқи он соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шуд.
«Дар асоси ин қатънома қарор шуд, ки аз 29 то 31 майи соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор гардад.
Ин конфронс аввалин ҳамоиши сатҳи баланди ҷаҳонӣ мебошад, ки бо иштироки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба масъалаи обшавии пиряхҳо бахшида мешавад.
Дар айни замон зиёда аз 150 намояндаи расонаҳои маъруфи хориҷӣ, аз қабили “Ал-Ҷазира”, “Euronews”, “TRT-Avaaz”, “France-Presse”, “ИТАР-ТАСС” ва дигарон барои инъикоси расмии конфронс ба қайд гирифта шудаанд. Хабарнигорони аккредитатсияшуда имкони иштирок ва инъикоси ҳамаи бахшҳои ин конфронсро хоҳанд дошт»,-илова намуд сарчашма.
Тавре Шоҳин Самадӣ иброз дошт, маросими ифтитоҳи конфронс 30 май баргузор мегардад. Дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, муовини якуми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Амина Муҳаммад, инчунин шахсони воломақом ва роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои иштироккунанда суханронӣ менамоянд.
«Иштирок дар ин ҳамоишро инчунин муовинони президентҳои Эрон, Зимбабве, Гамбия ва Малдив, муовинони сарвазирони Озарбойҷон, Лесото ва Булғористон, 12 вазири корҳои хориҷии кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла WMO, UNESCAP, UNICEF ва Намояндаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об тасдиқ намудаанд. Ҳамчунин иштироки Дабири кулли Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай ва 24 роҳбари дигар ташкилоти минтақавӣ дар назар аст.
То имрӯз қариб 2 ҳазору 500 иштирокчӣ аз беш аз 80 кишвари ҷаҳон барои иштирок дар ин конфронс сабти ном шудаанд.
Дар конфронс намояндагони доираҳои илмӣ, таҳқиқотӣ, академӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматие, ки дар масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо фаъолият менамоянд, низ иштирок хоҳанд кард.
Дар чаҳорчӯби Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузории 8 форуми мавзуӣ, 18 чорабинии канорӣ (сайд-ивентҳо), 12 ҷаласаи мавзуӣ, Фестивали пиряхҳо, намоишгоҳи байналмилалӣ ва 2 ҷаласаи умумӣ пешбинӣ шуда, дар фарҷоми конфронс баргузории нишасти матбуотӣ дар назар аст»,-илова намуд Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Шоҳин Самадӣ иброз дошт, ки 1 июн барои меҳмонон ва иштирокчиён саёҳатҳо ба 8 самти гуногун ташкил карда мешаванд.
Аз рӯйи натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ҳуҷҷатҳои муҳими ниҳоӣ, аз ҷумла Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо, Муроҷиати Душанбе: даъват ба амал ва хулосаи раисикунанда қабул карда хоҳанд шуд.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъхои боз








Ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон дар Минск таҷлил гардиданд
Дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷашнҳои давлатӣ таҷлил карда шуданд
Дар Тошканд ҷаласаи ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
COP 30 ба платформаи калидии музокирот оид ба иҷрои уҳдадориҳои иқлимӣ табдил ёфтааст
Сафири Тоҷикистон бо муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон мулоқот намуд
Дар Женева ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази машваратии ҳуқуқии Созмони умумиҷаҳонии савдо баррасӣ шуд
Дар вохӯриҳои канории СОР-30 ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо баррасӣ гардид
Дар Ҳафтаи байналмилалии оби Корея аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба обу иқлим ёдовар шуданд
Дар Душанбе Маркази дипломатияи об ифтитоҳ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи таҳсилоти олӣ баррасӣ гардид
Муовини якуми Раиси ҲХДТ бо муовини раиси Фраксияи ҳизби «Единая Россия» дар Думаи давлатӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои таҳсилоти олии Туркия мулоқот намуд






