КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ОИД БА ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Таваҷҷуҳи ҷаҳонӣ ба пиряхҳо — аз Душанбе ба ҷаҳон
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 30 май дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо оғоз мешавад. Дар конфронс 2500 намоянда аз 80 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид ва ташкилоти байналмилалӣ иштирок доранд. Дар байни онҳо сарвазир, ноибони президентҳо, муовинони Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, вазирон ва дигар мансабдорони баландпоя ҳастанд.
Ин конфронс аввалин ҳамоиши сатҳи баланди ҷаҳонӣ мебошад, ки бо иштироки кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, доираҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор ба масъалаи обшавии пиряхҳо бахшида мешавад.
Зимни ифтитоҳи конфронс, ки дар «Кохи Сомон» баргузор мешавад, сарони ҳайатҳои кишварҳои хориҷӣ суханронӣ намуда, пас аз он конфронс дар ин ҷо дар шакли иҷлосияҳои мавзуӣ, муҳокимаҳои панелӣ ва мизҳои мудаввар идома меёбад. Дастгирии иттилоотии баргузории чорабинӣ аз ҷониби беш аз 350 намояндаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла зиёда аз 150 намояндаи расонаҳои маъруфи хориҷӣ, аз қабили “Ал-Ҷазира”, “Euronews”, “TRT-Avaaz”, “France-Presse”, “ИТАР-ТАСС” ва дигарон таъмин карда мешавад. Барои фаъолияти онҳо дар «Кохи Сомон» маркази муосири матбуотии муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва интернети баландсуръат ташкил карда шудааст.
Зиёда аз 120 волонтёр дар тамоми марҳилаҳои конфронс фаъолона иштирок намуда, бақайдгирӣ, логистика, дастгирии меҳмонон, тарҷума ва кумак дар баргузории чорабиниҳои мавзуиро таъмин менамоянд.
Аз натиҷаи конфронс ҳуҷҷатҳои муҳими байналмилалӣ қабул карда мешаванд, аз ҷумла:
Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо- даъвати ҷаҳонӣ барои иқдоми фаврӣ;
Хулосаи ҳамраисон — тавсияҳо, хулосаҳо ва пешниҳодҳои асосӣ;
Даъвати Душанбе — паёми сиёсӣ ва платформа барои дурнамои ҳамкории байналмилалӣ.
Конфронси Душанбе дар пешбурди барномаи иқлим ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ барои ҳифзи пиряхҳо- муҳимтарин манбаъҳои оби тоза дар сайёра саҳми арзанда мегузорад.
Бояд гуфт, ки дар ин рӯзҳо Тоҷикистон ба майдони калидии байналмилалӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами тағйирёбии иқлим табдил ёфтааст. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи эълон гардидани соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт, гузаронида мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: Котиботи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо








РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ТАШАББУСКОРИ ҶАҲОНИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар робита ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Дар Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
Дар Душанбе ҷаласаи якуми Шурои миллии об баргузор гардид






