Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро беш аз 350 нафар хабарнигорони ватанию хориҷӣ инъикос менамоянд
ДУШАНБЕ, 25.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷараёни баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро, ки 29-31 майи соли 2025 дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе баргузор мегардад, беш аз 350 нафар намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ инъикос менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ иттилоъ дод.
Аз шумораи 350 нафар намояндагони воситаҳои ахбори омма, ки барои инъикоси ин чорабинии сатҳи баланд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном карда шудаанд, 150 нафарашон намояндагони воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ мебошанд.
Интизор меравад, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби хабарнигорони шабакаҳои бонуфузи телевизионӣ, ба мисли «Euronews», «Al Jazeera», инчунин шабакаҳои телевизионии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва дигар давлатҳои хориҷӣ инъикос карда шавад.
Намояндаи масъули Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон афзуд, ки бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон ва Котиботи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи балнд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар ду толори макони баргузории конфронси сатҳи баланд- «Кохи Сомон» маркази матбуотӣ ташкил гардидааст, ки дар онҳо барои фаъолияти самараноки намояндагони воситаҳои ахбори омма тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, толорҳои маркази матбуотӣ бо тамоми лавозимоти зарурӣ, аз қабили компютерҳои пуриқтидори муосир, дастгоҳҳои чопӣ, интернети баландсуръат /WIFI/ ва дигар дастгоҳи зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд.
Шоҳин Самадӣ иброз намуд, ки дар толорҳои маркази матбуоти Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо тавассути мониторҳои бузург ҷараёни конфронс ба таври мустақим пахш карда мешавад. Ин ба самаранокии кори хабарнигорону рӯзноманигорони хабаргузориҳои иттилоотӣ, шабакаҳои телевизионӣ, радиоӣ, рӯзномаю маҷаллаҳо ва тарғиби ҷараёни баргузории конфронс дар шабакаҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
Ба андешаи сардори Департаменти иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар маҷмуъ барои дар сатҳи баланд инъикос намудани кори Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 то 31 май мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад. Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда, аз ҷониби зиёда аз 150 кишвари аъзои Созмони Милали Муттаҳид дар иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2022 дастгирӣ ёфт ва бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, гузаронида мешавад.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
САЙРЕ БА ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ДАНҒАРА. Омӯзиши онҳо ба худшиносии насли наврас ва ҷавонон мусоидат мекунад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Кадбонуҳои тоҷик аз гиёҳҳои шифобахш хӯрокҳои гуногун омода месозанд
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
ӮСМАКАШӢ. Ин анъанаи наврӯзӣ барои солимии чашм иҷро карда мешавад






