Масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти ҷалби маблағҳои имтиёзноки иқлимӣ баррасӣ гардиданд

Май 15, 2025 17:40

ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ дар самти ҷалби маблағҳои имтиёзноки иқлимӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар соҳаҳои энергияи барқароршаванда, идоракунии захираҳои обӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар мулоқоти муовини якуми Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба масъалаҳои сиёсат ва шарикӣ Марк Боуман 13 май дар шаҳри Лондони Британия Кабир баррасӣ гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, мулоқот дар доираи иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баргузор шуда, ҷониби Тоҷикистон ба роҳбарияти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои саҳми муассир дар пешбурди ҳамкории мутақобил ва дастгирии татбиқи лоиҳаҳои стратегии ҷумҳурӣ миннатдории самимӣ иброз намуд.

Ҳамзамон аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд хоҳиш карда шуд, ки ба раванди ҷалби маблағҳои созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва донорҳои дуҷониба мусоидат намояд.

Ҷонибҳо барои густариши ҳамкории самаранок ва рушди ҳамкорӣ дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ, аз ҷумла васеъ намудани барномаҳои дастгирии занону ҷавонон ва истифодаи васеи воситаҳои нави маблағгузорӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 15, 2025 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд