МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қулфинай ба беморони диабети қанд муфид аст

Май 3, 2025 14:33

ДУШАНБЕ, 03.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар бозорҳои мамлакат қулфинай фаровон гашта,  кишоварзон навъҳои гуногуни онро пешниҳоди аҳолӣ менамоянд. Нархи он дар бозор  вобаста ба сифаташ барои 1 килограм аз 10 то 20 сомониро ташкил медиҳад. Қулфинай ба саломатии инсон чӣ фоида дорад? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

Меваи қулфинай (клубника)  ҳамчун хӯроки парҳезӣ ба ҳисоб рафта, ташнагиро мешиканад, иштиҳоовар буда, ҳазмшавии хӯрокро беҳтар мегардонад. Аз ҳисоби дар таркибаш  доштани миқдори зиёди витамини С қулфинай назар ба меваҳои ситрусӣ бартарӣ дорад. Агар ҳар рӯз аз қулфинай истифода баред, системаи иммунитетро қавӣ гардонида, деворҳои рагҳои хунгардро мустаҳкам мегардонад. Қулфинай хосияти зидди газакгирӣ ва зиддимикробӣ дорад. Дар ҳолати бемор  будани меъда, онро ҳамчун доруворӣ истифода мебаранд.

Қулфинайро ҳамчун воситаи зиддимикробӣ барои тоза намудани гулўю бинӣ ва нест кардани бўи бади даҳон истифода мебаранд. Он хурӯҷ ёфтани зуком (грипп) — ро кам мекунад. Мавҷудияти йод дар таркиби қулфинай норасоиҳоро дар хўроки ҳаррўза ва оби нӯшокӣ таъмин мекунад. Қулфинай хусусияти паст кардани қандро низ дорад. Барои ҳамин ба шахсоне, ки гирифтори бемории диабети  қанд мебошанд, истеъмоли қулфинайро тавсия медиҳанд.

Ҳангоми гуруснагӣ истеъмол кардани 4 — 6 қошуқ шарбати аз қулфинай тайёркардашуда, барои нест кардани санги талха фоидаовар аст. Ҳангоми ба бемории гурда ва роҳҳои пешоб гирифтор шудан, дар тамоми фаслҳои сол, ҳар рўз на камтар аз 400 грамм истеъмол кардани он тавсия дода мешавад. Дар ҳолати бемориҳои  гуногуни гурда нўшидани қулфинайи ҷўшонидашуда фоидаовар мебошад. Қулфинай воситаи беҳтарин барои муолиҷаи роҳҳои пешоб буда, барои ҷигар ҳам фоидаовар мебошад. Дар вақти ба касалии буғумдард гирифтор будан истеъмоли қулфинай фоидаовар  мебошад.

Қулфинай растании бисёрсола мебошад. Баландии қадаш то ба 15 – 40 сантиметр расида, ҳаҷми меваҳояш то 3 — 5 грамм мешавад. Барои он ки қулфинай ҳосили дилхоҳ диҳад, онро бо нуриҳои нитрогендор ва калийдор таъмин намудан зарур аст. Дар ҳолати дуруст иҷро намудани корҳои агротехникӣ  аз он давоми сол то 10 маротиба ҳосил ҷамъоварӣ кардан мумкин аст.

Тибқи таҳлили олимони соҳаи кишоварзӣ, се роҳи парвариши кулфинай вуҷуд дорад: аз тухмҳо, тақсим кардани буттаҳо ва ба воситаи мӯйлабҳо.

Имрӯз қулфинай дар гармхонаҳо ба таври васеъ парвариш карда мешавад. Ҳосилнокии қулфинай аз технология ва шароити парвариш, мавқеи парвариш ва шароити хоку иқлим вобаста аст.  Ҳарорати беҳтарин барои парвариш ва ҳосилдиҳии қулфинай 24 дараҷа гармӣ мебошад. Қулфинайро тавре об додан зарур аст, ки ба гул ва баргҳои он зарар нарасад. Намнокӣ ҳам бояд муътадил бошад. Чӣ қадаре, ки намнокӣ мувофиқи талабот бошад, он ҳамон андоза барои қулфинай фоидаовар аст.

Қулфинай дар байни мевагиҳо тезҳосил ба шумор рафта, дар соли дуюми шинонидан аллакай ҳосили хуб медиҳад. Дар баҳор баргҳои он сабзиш намуда, дар мавсими ҳосилғундорӣ қатъ гашта, пас аз ҷамъоварии ҳосил боз инкишоф меёбанд. Баргҳои нави тобистона дар инкишофи растании қулфинай нақши муҳим мебозанд, зеро онҳо барои ҳосили соли оянда зарур мебошанд.

Дар ҳавои гарму хушк  он бештар гул мекунад ва дар ҳавои хунук гулкунияш тӯл мекашад. Давомнокии пухтани мева аз ҳаво вобаста аст. Дар тобистони гарму хушк пухтани мева тез, дар ҳавои сарду борон то 30 рӯз ё бештар тӯл мекашад. Навъҳои қулфинай аз рӯи сабзиш ба барвақтӣ, миёна ва дерпаз ҷудо мешаванд.

Барои қулфинай қитъаҳои ҳамвор, офтобӣ ва аз шамол эминро ҷудо намудан зарур аст. Дар қитъаҳои паст шинонидани қулфинай тавсия дода намешавад, зеро аз нарасидани гармӣ растании қулфинай дар чунин заминҳо суст сабзиш ёфта, аксар вақт нобуд мегардад. Майдони кишти қулфинайро дар шакли росткунҷа ҳамвор мекунанд, ки барои истифодаи воситаҳои техникӣ ҳангоми кишту нигоҳубини растанӣ осон гардад. Гирифтани ҳосили баланди қулфинай аз истифодаи оқилонаи техникаи кишоварзӣ, меҳнати дуруст ва амалӣ гаштани киштҳои махсуси зироат вобаста аст.  Қулфинай дар қитъаи замини интихобшуда 3-4 сол хуб нашъунамо меёбад. Барои ҳосилхез мондани майдонҳо ҳар сол бояд ниҳолҳои нави қулфинай шинонида, растаниҳои пир бояд зери хок карда шаванд.

Дар системаи киштгардон шинонидани қулфинай баъд аз истифодаи картошка, помидор, занҷабил, бодиринг ва каду тавсия дода намешавад. Зеро ин зироат барангезандагони фитофтороз ва вертисиллези хазоншавӣ буда, қулфинайро нест мекунанд. Қулфинай дар давраи нашъунамо моддаҳои ғизоии зиёд талаб менамояд, аз ин рӯ ҳангоми тайёр кардани замин бояд поруҳои органикию минералӣ таъмин карда шаванд.

Олимони Институти боғпарварию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз медоранд, ки кӯчатшинонии қулфинай дар фасли тирамоҳ то 15 ноябр ва дар фасли баҳор то 20 март фоидаовар буда, ҳосили хуб медиҳад. Инчунин дар фасли тобистон моҳҳои май, июн, июл ва август дар ҷойҳои хушкидаи қулфинай шинонидани кӯчатҳое, ки аз мӯйлабчаҳо пайдо шудаанд, фоиданок аст. Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон қулфинай дар тангҷӯякҳо шинонида ва парвариш карда мешавад. Он имкон медиҳад, ки растаниҳо бо техника парвариш ва нигоҳубин карда шаванд.

Ҳосили пухтаи қулфинай марҳила ба марҳила ҷамъоварӣ мегардад. Ҳосили ҷамъоваришуда танҳо дар як зарф нигоҳ дошта шуда, ба бозор бароварда мешавад. Ин меваро наметавон дуру дароз нигоҳ дошт.

Ба тавсияи олимони соҳаи тандурустӣ, инсон давоми як сол бояд 7,5 ё 8 килограмм аз меваи қулфинай истеъмол намояд. Зеро меваи қулфинай мубодилаи моддаҳоро ба танзим медарорад, фаромӯшхотириро кам карда, таркиби хунро беҳтар мегардонад. Ба ғайр аз ин моддаҳои фаъоли қулфинай кори дилро муътадил гардонида, рагҳои хунгардро васеъ ва дараҷаи фаъолияти организмро зиёд мегардонанд.

Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ
«Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

 

 

Май 3, 2025 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бӯстон вобаста ба истифодаи оқилонаи неруи барқ ҳамоиш баргузор гардид
Марказҳои саратоншиносии Тоҷикистон бо таҷҳизоти пешрафтаи ташхисӣ ва табобатӣ таъмин мешаванд
Вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор шуд
Дар ноҳияи Сино ғолибони даври ноҳиявии озмуни «Оилаи беҳтарин» муайян карда шуданд
Дар ноҳияи Дарвоз Фестивали «Саводнокии молиявӣ» баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи ҷавонон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиш баргузор гардид
Нисбат ба сокини шаҳри Душанбе барои истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Бо мақсади таъмини ҳифзи сирри давлатӣ ва ҳифзи техникии иттилоот конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Менеҷери лоиҳаҳои Агентии байналмилалии неруи атомӣ бо фаъолияти Маркази саратоншиносӣ дар Душанбе, Кӯлоб ва Хуҷанд шинос шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад