Меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо имконоти сайёҳии дараи Ромит шинос мешаванд
ДУШАНБЕ, 25.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки 1 июн меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо имконоти сайёҳии дараи Ромити шаҳри Ваҳдат шинос гарданд. Дар ин робита АМИТ «Ховар» тасмим гирифтааст, ки доир ба дараи Ромит ва дигар мавзеъҳои сайёҳии шаҳри Ваҳдат маълумот пешниҳод намояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон минтақаҳои сайёҳӣ зиёд буда, аксари онҳо дар солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ҳамчун мавзеъҳои сайёҳӣ шинохта шудаанд. Яке аз ин маконҳои сайёҳӣ шаҳри Ваҳдат мебошад. Табиат ва иқлими мусоид, ҷойҳои истироҳатию фароғатӣ ва табобатии он, аз ҷумла дараи Ромит, Мамнуъгоҳи Ромит, гармчашмаи шифобахши «Зайрон», оби шифобахши «Шӯр», Маҷмааи сайёҳии «Арху» ва ҳавзҳои моҳипарварӣ таваҷҷуҳи зиёди сайёҳони дохилию хориҷиро ҷалб намудаанд.
ДАРАИ РОМИТ
Ин мавзеъ бо обҳои мусаффо, ҳайвоноти нодир, гиёҳҳои шифобахш ва умуман бо табиати зебою нотакрораш байни сайёҳон шуҳрат пайдо намудааст.
Дараи сайёҳию истироҳатии Ромит соли 1959 бо қарори собиқ Ҳукумати Шуравӣ ташкил шуда, 18 сентябри соли 2000 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дараи Ромит-минтақаи сайёҳию истироҳатии Тоҷикистон» эълон гардид.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, дараи Ромит дар паҳнои 16 ҳазору 200 гектар доман густурда, дар «Мамнуъгоҳи давлатии табиии Ромит» муттаҳид карда шудааст. Он дар болооби дарёи Кофарниҳон ҷойгир буда, номашро аз номи деҳаи зебои Ромит гирифтааст.
Ин макон дорои иқтидори беандозаи сайёҳӣ буда, бо таҳкими раванди бунёди иншооти инфрасохтори замонавӣ метавонад ба яке аз мавзеъҳои нотакрори сайёҳии экологӣ, табобатию истироҳатӣ ва шикор табдил ёбад.
Ин дара дар самти шарқ ба Обигарм ва аз дараи Канаск ба дараи Камароби ноҳияи Рашт, дар ғарб аз тариқи Роҳатӣ ва Теппаи Самарқандӣ ба дараи Варзоб ва аз он тараф то марзи Турсунзода бо Ҷумҳурии Узбекистон, инчунин дар самти шимол ба ноҳияҳои Айнӣ ва Мастчоҳи вилояти Суғди Тоҷикистон роҳ дорад. Яъне, сайёҳони дохилию хориҷӣ барои тамошои мавзеъҳои таърихию фарҳангии ин минтақа имконияти зиёд доранд.
Дар дараи мазкур меҳмонхонаю тарабхонаҳои замонавӣ ва чойхонаҳои миллӣ сохта шудаанд, ки барои қабули гардишгарон омода мебошад.
ОСОИШГОҲИ «ЗАЙРОН»
Ин минтақа бо оби шифобахши худ маъруф буда, бо оғоз шудани рӯзҳои гарму офтобӣ шумораи мизоҷони Осоишгоҳи «Зайрон» меафзояд. Оби табиии аз синаи кӯҳ ҷоришавандаи он ба чандин дарду беморӣ шифо мебахшад.
Оби он барои табобати бемориҳои системаи асаб, фишорбаландии ҷараёни хун, дил, устухонҳои дасту пою сутунмӯҳра ва пӯст пешбинӣ шудааст. Об дар таркиби худ калсий, натрий, хлору ёд, гидросулфат, сулфат, магний, кислотаи кремний, фтору ром ва гидрокарбонат дорад. Мавзеи осоишгоҳ, ки дар лаби дарё аст, ҳавои тозаи руҳбахш дошта, асабҳоро ором менамояд.
Осоишгоҳ дар километри 29-уми самти роҳи Ваҳдат-Ромит воқеъ буда, дорои се меҳмонхонаи замонавӣ бо фарогирии 91 ҳуҷра ва 270 кати хоб ва 7 ҳавзи табобатӣ мебошад, ки ба таври шабонарӯзӣ ба сайёҳон хизмат мерасонад.
МАҶМААИ САЙЁҲИИ «АРХУ»
Маҷмааи мазкур дар масофаи 75 километр аз пойтахти мамлакат, дар қисми шимолу ғарбии шаҳри Ваҳдат воқеъ гардидааст. Масоҳати умумии маҷмаа 23 гектарро дар бар гирифта, иншооти дар ҳудуди он сохташуда 1500 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Арху калимаи суғдӣ буда, баландӣ, баландмавзеъ ё баландмаконро ифода мекунад. Арху ном гирифтани ин мавзеъ ба он хотир аст, ки болотар аз он 70 сол пеш деҳае бо ҳамин ном вуҷуд доштааст. Баъдтар сокинони он дар қисмати ҳамвории шаҳри Ваҳдат маскан гирифта, зиндагӣ ихтиёр намудаанд.
Мавзеи мазкур дар баландии 1900 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст. Дар ин мавзеъ дарёе бо номи Рӯди пок ҷорӣ мешавад, ки обаш ба таври ҳамешагӣ софу зулол мебошад. Ин дарё аз чашмаҳо ва пиряхҳо маншаъ мегирад. Боду ҳавои муаттари дараи Арху ба машом ҳаловати тоза бахшида, табиати афсонавии он касро ғарқи хаёлоти рангин менамояд. Аз ин рӯ ин макони зебои Тоҷикистон ба дӯстдорони сайру саёҳат тавсия дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар дараи Ромит лагерҳои истироҳатии тобистона, аз ҷумла «Ҳамсафар», «Афсонаи кӯҳӣ», «Кайҳон», «Булбулакон» ва «Явроз» фаъолият менамоянд, ки дар онҳо наврасон аз тамоми гӯшаҳои мамлакат ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.
Ҳангоми шиносоӣ бо ин мавзеъ зебоии кӯҳу даман, табиати зебо ва нотакрори онро эҳсос менамоем. Обҳои зулоли ин минтақа ба кас руҳу илҳоми тоза бахшида, манзараҳои зебояш сайёҳони дохилию хориҷиро шефтаву мафтун менамоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба ҷашни Меҳргон Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор мегардад
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИФОДАИ ДУРУСТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҷузъиёти баргузории Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе қатънома қабул намуд
Президенти Фонди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ бо имконоти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ






