Муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Ҷопон оид ба корҳои хориҷӣ мулоқот намуд

Май 31, 2025 11:40

ДУШАНБЕ, 31.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо Вазири давлатии Ҷопон оид ба корҳои хориҷӣ Фуҷии Ҳисаюки мулоқот намуд.

Ҷонибҳо ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои ҳамкории минбаъдаро байни Тоҷикистон ва Ҷопон, бахусус дар доираи Осиёи Марказӣ + Ҷопон баррасӣ намуданд.

Зимни мулоқот ба масъалаи ҳамкории иқтисодӣ, рушди лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва тақвияти шарикӣ дар соҳаи рушди устувор таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Ҷонибҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2025 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд