Намоиши ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад

Май 31, 2025 09:37

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Намоиши ёдгориҳои таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад. Дар ин хусус 29 май зимни вохӯрии директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо ноиби Президенти Академияи таърихи Чин Ли Готсян иттилоъ дода шуд.

Тавре аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷонибҳо дар вохӯрӣ доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба, тавсеаи минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи мутақобили судманд байни осорхонаҳои ду мамлакат мубодилаи афкор намуданд.

Баъдан Ли Готсян ва ҳайати ҳамроҳонаш толорҳои намоишии Осорхонаи миллиро тамошо намуданд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Май 31, 2025 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон