Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи XX Форуми марказҳои таҳлилии СҲШ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Деҳлии Нави Ҳиндустон ҷаласаи XX Форуми марказҳои таҳлилии Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Амнияти СҲШ: роҳ ба сӯи табдил додани минтақа ба ҳолати «Ҷаҳон — як оила» оғоз шуд, ки то 22 май идома меёбад. Дар он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок ва сухан намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд, форум аз ҷониби Шурои Ҳиндустон оид ба корҳои байналмилалӣ (ICWA) баргузор карда мешавад.
Дар форум намояндагони ниҳодҳои таҳлилии кишварҳои ҳавзаи Созмони ҳамкории Шанхай доираи васеи масоили марбут ба рушди Созмон, амният ва ҳамкории иқтисодию башардӯстонаро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Хайриддин Усмонзода дар бахши ифтитоҳии форум ва ҷаласаи якуми он таҳти унвони «Тавсеаи нақши Созмони ҳамкории Шанхай, пешбурди биниши дастҷамъонаи амният ва минтақаи устувор» дар мавзуи «Нақши СҲШ дар тавсеаи уфуқҳои ҳамкории кишварҳо дар заминаи тағйироти глобалӣ» сухан гуфт.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо таҷрибаи бузурги тамаддунӣ дар рушди робитаҳо ва муносибатҳои байни халқҳои гуногун ҳамеша ба шукуфоии иқтисодии якдигар эҳтиром зоҳир карда, гуногунии фарҳангиро дастгирӣ менамуданд. Бо такя ба чунин таҷрибаи ҳосилшудаи таърихӣ онҳо имрӯз на танҳо принсипҳои рушди фарогир, балки арзишҳои умумиинсониро низ ҳимоя ва эҳтиром менамоянд. Чунин руҳия ба густариши уфуқҳои минбаъдаи ҳамкорӣ ва ҳамгироии давлатҳои мо дар арсаҳои гуногун мусоидат менамояд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






