Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ оид ба мероси маънавӣ ва шаклҳои баёни фарҳанги ҷаҳони Ислом иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон таҳти унвони «Мероси маънавӣ ва шаклҳои баёни фарҳанги ҷаҳони Ислом: хаттотӣ, мусиқӣ, шеър ва ҳамбастагӣ» форуми байналмилалӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар доираи форуми байналмилалӣ шаҳри Самарқанд пойтахти фарҳангии ҷаҳони ислом дар соли 2025 эълон гардид.
Дар форум вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои ICESCO* ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мероси ғании фарҳангӣ, сиёсати ҳамоҳангии байни миллатҳо ва вижагиҳои фарҳангӣ мубодилаи афкор намуданд.
Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлат Сафарзода иброз намуд, ки Барномаи «Пойтахти фарҳанги исломӣ» ба ҳифзи ҳувияти миллӣ ва вижагиҳои фарҳангӣ, эҳтиром ба гуногунии фарҳангӣ ва ҳамзамон тарғиби тамаддуни исломӣ нигаронида шудааст.
«Муколамаи фарҳангҳо на танҳо воситаи ҳифзи ҳувият, балки омили тавонои ҳамбастагии иҷтимоӣ низ мебошад. Сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои мақсаднок асос ёфта, ба таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ нигаронида шудааст. Дар ин замина иштироки Тоҷикистон дар ҳамаи ибтикороти ISESCO ва Созмони ҳамкории исломӣ мавқеи Тоҷикистонро дар ин созмонҳо тақвият мебахшад»,- иброз намуд муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки соли 2010 шаҳри Душанбе ва соли 2024 шаҳри Кӯлоб пойтахти фарҳанги исломӣ пешниҳод гардида буданд.
________
*ICESCO- Созмони байниҳукуматӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанги исломӣ аст, ки 54 давлати ҷаҳонро дар бар мегирад. Он соли 1982 таъсис ёфта, ҳадафаш таҳкими равобити давлатҳои аъзои он мебошад. Қароргоҳи ин созмон дар пойтахти Марокаш ҷойгир аст. 19 ёдгории таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба феҳристи мероси фарҳанги моддии ICESCO ворид гардидаанд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд






