Ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард

Май 29, 2025 10:55

ДУШАНБЕ, 29.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 29 май ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Дар  Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмони олиқадрро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.

Дар ҷараёни сафари расмӣ мулоқоти хоссаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф баргузор мешавад.

Баъдан музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду давлат баргузор гардида, дар он масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар анҷоми  музокирот имзои якчанд санади ҳамкорӣ дар назар аст.

Ҳамчунин меҳмони олиқадр ба корхонаи «ТАЛКО Кабел» рафта, бо фаъолияти истеҳсолии он шинос мешавад.

Интизор меравад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муҳаммадризо Орифро ба ҳузур пазиранд.

Инчунин 30 май ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадризо Ориф дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо иштирок намуда, бо роҳбарони ҳайатҳои иштирокдори конфронс мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳад.

Дар идомаи сафар ноиби аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон  Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо менамояд.

Май 29, 2025 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд