Қобилҷон Хушвахтзода: «Ташаббусҳои Пешвои миллат оид ба масоили об дар ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обии сайёра нақши муҳим доранд»

Май 31, 2025 10:15

ДУШАНБЕ, 31.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми се даҳсолаи охир дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии экологӣ, ки ба захираҳои об, кам кардани таъсири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо вобастаанд, нақши назаррас гузоштааст. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба масоили об дар ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои обии сайёра нақши муҳим доранд. Чунин изҳори назар намуд Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода ба мухбири АМИТ «Ховар.

Қабули ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон пайваста дар ҳалли ин мушкилоти муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ сиёсати дурбинонаро пеш мебарад. Дар доираи ин ташаббус конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор шуда истодааст, ки дар он мутахассисони пешрафтаи ҷаҳонӣ иштирок доранд.

Президенти Академияи миллии илмҳои мамлакат изҳор дошт, ки ҳақиқати бебаҳс ин аст, ки тағйирёбии иқлим зиндагии ҳаррӯзаи башариятро тағйир медиҳад. Ин, пеш аз ҳама, тавассути таъсиррасонӣ ба захираҳои обӣ мушаххас мегардад. «Ба иттилои олимон, яке аз нишондиҳандаҳои асосии тағйирёбии низоми обӣ обшавии зуд-зуди пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ мебошад. Аз ҳама бештар коҳиш ёфтани ҳаҷми пиряхҳо дар Арктика, Антарктида ва Гренландия ҳамаро ба ташвиш овардааст. Хусусан пиряхҳои кӯҳӣ нисбат ба тағйирёбии иқлим хеле осебпазиртар ҳастанд»,-гуфт ӯ.

Тибқи баҳодиҳиҳои муосир, пиряхҳои Осиёи Марказӣ аз аввали солҳои 50-уми асри гузашта тақрибан 30%-и ҳаҷми худро аз даст додаанд. Ин раванд махсусан дар даҳсолаҳои охир бештар гардидааст. Қобилҷон Хушвақтзода изҳор медорад, ки пиряхҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, зеро аз ҳолати онҳо мустақиман таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, рушди кишоварзӣ, энергетика, саноат ва дигар соҳаҳои калидии фаъолияти ҳаётӣ вобастагии зич дорад.

Дар баробари таъсири тағйирёбии иқлим афзоиши шумораи аҳолӣ низ фишорро ба захираҳои обӣ зиёд менамояд. Ба маълумоти мавҷуда, то солҳои 60-уми асри гузашта дар Осиёи Марказӣ ба ҳар нафар беш аз 8 000 метри мукааб об дар як сол рост меомад. Имрӯз ин нишондиҳанда беш аз чор баробар коҳиш ёфтааст.

«Обшавии зуд-зуди пиряхҳо на танҳо боиси камшавии захираҳои обии минтақа мешавад, балки сабаби афзоиши ҳодисаҳои хатарноки гидрологӣ — омадани сел, обхезӣ, лағзиш ва тармафароӣ мегардад, ки ҳар сол ба иқтисод ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ зарари калон мерасонанд»,-мегӯяд ӯ.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 май зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар «Кохи Сомон»-и шаҳри Душанбе иброз намуданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо раванди таъминоти обро халалдор ва ба амнияти озуқаворӣ таҳдид карда, ба истеҳсоли неруи барқи тоза таъсири манфӣ мерасонад. Ин раванд, ба таъкиди Сарвари давлат, дар аксари ҳолатҳо хатарҳои зиёд эҷод намуда, нобаробарии иқтисодӣ ва осебпазирии аҳолиро меафзояд.

Ба таъкиди Сарвари давлат, бахусус дар минтақаҳои кӯҳистон раванди обшавии босуръати пиряхҳо боиси обхезӣ, омадани сел ва фаромадани ярч гардида, ба инфрасохтор зарари калон мерасонад.

Дар ин замина Қобилҷон Хушвахтзода изҳор медорад, ки ҳолати муосири криосфера, бахусус пиряхҳои Тоҷикистон, ки дар ташаккули захираҳои обии Осиёи Марказӣ нақши калидӣ доранд, на танҳо таҳлили амиқ талаб мекунанд, балки қабули чораҳои мушаххасро низ зарур медонанд. «Ин чораҳо тақвияти пойгоҳи моддиву техникӣ ва рушди таҳқиқоти илмии муштаракро бо таъкид бар омӯзиши пиряхҳо дар бар мегирад. Дар ин замина таҳкими ҳамкории байналмилалӣ бо шарикон дар соҳаи таҳқиқоти яхшиносӣ дар минтақа хеле муҳим мебошад»,-чунин мешуморад ӯ.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо назардошти аҳамияти масъалаи таҳқиқи пиряхҳо соли 2018 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт, ки дар он таҳқиқоти гуногунҷанба дар соҳаи яхшиносӣ бо истифодаи усулҳои муосири таҳқиқотӣ гузаронида мешаванд. Ҳоло дар марказ зиёда аз 60 корманд кор мекунад. Дар давраи фаъолияти марказ барои омӯзиши пиряхҳо дар минтақаҳои баланду душворгузари Тоҷикистон зиёда аз 50 экспедитсияи илмӣ ташкил карда шудааст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2025 10:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид
Байни осорхонаҳои миллии Тоҷикистон ва Муғулистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Муғулистон дар Тоҷикистон баргузор шуд
Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таърихи миллати тоҷик шинос шуд
Аз ҳудуди Хуттали Қадим теъдоди зиёди мероси нумезматикии мансуб ба давраи Ҳахоманишиҳою Сосониён дарёфт гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон 10 ёдгории таърихию фарҳангӣ бозёфт гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар телевизионҳои Чин 6 филми мустанади Тоҷикистон намоиш дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Вазорати фарҳанг 5 номинатсияи навро барои дохилнамоӣ ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешниҳод намудааст
Имрӯз дар Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио, Агентии хизмати давлатӣ, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва Академияи идоракунии давлатӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад
То замони муосир барои шарҳи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бештар аз 10 фарҳанг ба қалам омадааст
Дар Душанбе таҳти унвони «Ҷойгоҳи Хатлон дар тамаддуни умумибашарӣ» ҳамоиши илмӣ доир карда шуд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». 132 довталаби пойтахт ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт