Оид ба нақши ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряҳҳо ҳамоиш доир шуд

Май 7, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 07.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряҳҳо» конференсия баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Зимни конференсия Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз намуд, ки «воқеан Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори ҳалли масъалаҳои обу иқлим буда, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз иқдоми ду даҳсолаи охири Тоҷикистон, ки ба наҷоти башарият равона гардидааст, пазироӣ ва пуштибонӣ менамояд».

Таъкид гардид, ки мутаассифона, имрӯзҳо мо босуръат об шудани пиряхҳоро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал меояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон иброз доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омадааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ – Ванҷях (собиқ Федченко) дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат давоми 70-80 соли охир пиряхи Ванҷях зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръати онҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад сабаби оқибатҳои бағоят манфӣ гардад. Президенти Тоҷикистон таъкид доштанд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст ва ин омил, дар навбати худ метавонад ба ҳаёт ва некӯаҳволии садҳо миллион сокинони Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо таҳдид ба бор орад.

Дар ҳамоиш президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода иброз намуд, ки «ташаббусҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмуӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди иқтисоди «сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад. Мо аз иқдоми Президенти Тоҷикистон дар ин самт истиқбол мекунем».

Тавре дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» корманди Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Олимҷон Забирзода иброз намуд, бо назардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги захираҳои обӣ буда, дар даҳсолаҳои оҳир обшавии раванди пиряхҳо зиёд шудааст, барои омӯзиши амиқи ин масъалаи муҳим дар ҷумҳурӣ Маркази пиряхшиносӣ ташкил гардид.

Ин Марказ тасмим гирифтааст, ки дар баробари пешбурди таҳқиқот мониторинги захираҳои обӣ гузаронида, инчунин харитаи пиряхҳои Тоҷикистонро омода намояд. Дар факултаҳои ҷуғрофиёи донишкадаҳо таълими ихтисоси омӯзиши пиряхҳо амалӣ гардида,  мутахассисони ин соҳа тайёр карда мешаванд, то ки онҳо давоми даҳсола пажӯҳишҳои тахассусӣ ба анҷом расонанд.

Аз рӯйи таҳлили коршиносон солҳои охир пиряхҳои Тоҷикистон босуръат об мешаванд. Давоми чанд даҳсолаи охир ҳаҷми умумии пиряхҳои мамлакати мо, ки зиёда аз 60 фоизи захираҳои обии минтақаи Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд, ба андозаи тақрибан сеяк баробар кам гардидааст. Мутобиқи ҳисоботи пешакӣ, то соли 2030 зиёдшавии истифодаи об дар Осиёи Марказӣ 15-20 фоизро ташкил медиҳад. Агар камшавии ҷараёни дарёҳоро дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба ҳисоб гирем, вазъияти бавуҷудомада хатарбор мегардад.

Ҷавонон даъват шуданд, ки ҳамчун давлати ташаббускор тамоми чорабиниҳои нақшавиро пайгирона, мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоянд, то онҳо барои рушди устувор самараи дилхоҳ диҳанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 7, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маъракаи хунсупории шаҳрвандон доир гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти ғайридавлатии «Good Neighbors» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Чин дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон муаррифӣ гардиданд
Дар Тоҷикистон беморони диабети қанд метавонанд инсулини ройгон дастрас намоянд
Иштирокдорони Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ дараи Алмосӣ ва Қалъаи Ҳисорро тамошо карданд
Форуми байналмилалии ҳизбҳои сиёсӣ зери унвони «Ҳизбҳои сиёсӣ ва уфуқҳои нави ҳамкорӣ» доир гардид
АБУАЛӢ ИБНИ СИНО — МУТАФАККИРИ БУЗУРГИ ШАРҚ, ФАРЗАНДИ ФАРЗОНАИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Оқибатҳои офатҳои табиӣ дар мавзеъҳои хатарноки роҳҳои минтақаи Рашт бартараф карда шуданд
Табибони тоҷик дар Туркия малакаи касбиии худро такмил медиҳанд
Байни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ҳизби «Белая Рус» Меморандум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
БОЗТОБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО. Расонаҳои мисрӣ дар ин хусус гузоришу мақолаҳо ба нашр расониданд
Соли 2030 дар ҳудуди Тоҷикистон баруйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад