Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид

Май 10, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 10.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тайёр намудани мутахассисони касбӣ, омӯзиши фанҳои дақиқ ва тағйирёбии иқлим зимни машварати илмӣ-амалӣ дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, машварат дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)» ва дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии тайёр намудани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030»  баргузор шуд.

Дар машварат дар мавзуи «Тағйироти глобалии иқлим- обшавии пиряхҳои Тоҷикистон ва саҳми илм барои ҳалли ин мушкилот» маъруза пешниҳод гардид.

Коҳишёбии босуръати пиряхҳо дар тамоми қитъаҳои сайёра ба таври ғайримуқаррарӣ идома дорад. Давоми даҳсолаҳои охир пиряхҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла пиряхҳои Тоҷикистон низ дар ҳолати ғайримуқаррарӣ қарор дошта, сол то сол таназзул меёбанд.

Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳамчун ниҳоди танзимгар ва ҳамоҳангози миллӣ бо Агентии байналмилалии неруи атомӣ дар Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои марбут ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо саҳми арзанда мегузорад.

Таъкид гардид, ки агентӣ масъулияти татбиқи лоиҳаҳои муштарак бо Агентии байналмилалии неруи атомиро бар уҳда дорад, ки ба омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим равона гардидаанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Май 10, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд