«ОИЛА-МАКОНИ МЕҲРУ САДОҚАТ». Таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар шаҳри Ваҳдат таҳти унвони «Оила-макони меҳру садоқат» ҳамоиши фарҳангию фароғатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни ҳамоиш намоиши ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва гӯшаи «Кадбону» бо оростани дастархон пешниҳод гардид. Инчунин дар ҳамоиш оину суннатҳои маросими тӯйи домоду арӯсӣ, аз ҷумла омода намудани арӯс барои гусел ва саршӯён гузаронида шуд.
Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки «мардуми Тоҷикистон аз рӯзгори бостон то имрӯз бо завқи волои оиладорӣ, ҳамсоянавозӣ, ватанпарастию миллатдӯстӣ номвар гардидаанд».
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи барномаҳои амалкунанда барои болоравии фарҳанги оиладорӣ ва муносибати хонаводагӣ, таҳким ва нигоҳдошти анъанаҳои пуршарафи ниёгон, ҷонибдории аъзои хонавода аз манфиатҳои давлат ва ҷомеа байни аъзою ҷонибдорон ва кулли ҷомеа пайваста табдирҳои таблиғотию ташвиқотӣ амалӣ менамояд.
Таъкид гардид, ки барои ҳар фарди худогоҳу хештаншинос оила муқаддас аст. Устувору пойдории он аз муҳаббати самимӣ ва иродаи қавии зану шавҳар вобаста аст. Оиладорӣ фарҳанги бузургу ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Агар оила солим бошаду назару андешаҳо ва иқдому амалҳояш дар зиндагӣ хушбинона бошад, дар маҷмуъ ҷомеа солим хоҳад буд.
Дар ҷараёни ҳамоиш гӯшаи оилаҳои намунавӣ – «Оилаи сабз», «Оилаи нуқрагӣ» ва «Оилаи тиллоӣ» ташкил гардиданд. Инчунин ба навхонадорон шаҳодатномаи ақди никоҳ ва ба кӯдакон туҳфаҳо тақдим карда шуданд.
Собиқадорон бо медалҳои ҷашни «30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон», сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
АКС: Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд






