Ҳоким Холиқзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия Носир Арманата вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия Арманата Носир вохӯрӣ намуд.
Зимни мулоқот иброз гардид, ки Тоҷикистон Индонезияро ҳамчун шарики муҳим дар минтақаи Осиёи ҷанубу шарқӣ мешиносад ва ба таҳкими ҳамкории мутақобили судманд бо он ҳавасманд мебошад.
Таъкид карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистону Индонезияро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва илмӣ, маориф, сайёҳӣ, тиҷорат, мубориза бо терроризм ва ғайра 13 санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим менамоянд.
Бо назардошти он, ки дар муассисаҳои олии Индонезия зиёда аз 300 донишҷӯи тоҷик таҳсил менамоянд, пешниҳод карда шуд, ки теъдоди бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Индонезия афзоиш дода шавад.
Масоили рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва логистика низ дар рафти мулоқот мавриди баррасӣ қарор дода шуд.








Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид






