Омӯзгори фанни химия аз Варзоб дар даври минтақавии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» сазовори ҷойи якум гардид
ДУШАНБЕ, 01.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Омӯзгори фанни химияи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 39-и ноҳияи Варзоб Ҷамшед Неъматов дар даври минтақавии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2025» сазовори ҷойи якум гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф хабар доданд.
Даври минтақавии озмун дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф баргузор гардид. Иброз гардид, ки иқдоми беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа имкон дод, ки ҳазорон нафар донишҷӯён, муҳаққиқон ва омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва илм дар озмунҳои гуногун иштирок намуда, дар татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат саҳм гузоранд.
Дар ҷамъбасти даври минтақавии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон» омӯзгорону навовару эҷодкор кӯшиш намуданд, ки маҳорату малака нишон дода, дар даврҳои минбаъдаи озмун сабқат намоянд. Ҷараёни озмун шаффоф ва тибқи талаботи Низомномаи озмун баргузор гардид.
Таъкид гардид, ки таҷрибаи ҳамаи довталабон ҳамчун таҷрибаи пешқадам мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар семинару омӯзишҳо ва тренингҳои донишкада омӯзонида мешавад.
АКС: Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф








«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо ташаббуси Пешвои миллат иштирокчиёни озмун соҳиби имтиёз мешаванд
Конфронси IV байналмилалии «Донишгоҳҳо ҳамчун марказҳои нави илм, тиҷорат ва ҷомеа» баргузор мегардад
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мактаби дониш, ҷаҳонбинӣ ва худшиносӣ мебошад
Ба донишҷӯёни Донишгоҳи техникӣ касбҳои соҳаи хоҷагии обро тарғиб намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ китоби «Нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва арҷгузорӣ ба мақоми занон дар ҷомеа» рӯнамоӣ гардид
Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ба раддабандии байналмилалии таҳқиқоти илмии байнифаннӣ барои соли 2027 ворид шуд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ НАВИН ВА ДАСТОВАРДҲОИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Ёвон бинои иловагии муассисаи таълимӣ ва маркази инкишофи кӯдак ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Варзоб ду муассисаи нави таълимӣ барои 1485 хонанда ба истифода дода мешавад
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Озмуни байналмилалии Cezeri Fest 2026 соҳиби ҷойи якум шуданд
ТАҲСИЛ КАРДАН ДЕРӢ НАДОРАД. Зиёда аз 8 ҳазор хонанда дар мактаби ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Маркази имтиҳонии «linguaskill» ба фаъолият оғоз намуд






