Озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии занони соҳибкор» ҷамъбаст шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии занони соҳибкор» ҷамъбаст гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар маросими ҷамъбаст иброз шуд, ки озмуни «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии занони соҳибкор» соли сеюм аст, ки дар доираи Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025-и «Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» гузаронида мешавад. Озмун дар асоси фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ дар соли 2024 аз рӯйи чор номинатсия — беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба занони соҳибкор, беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои занони соҳибкор, беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба занони соҳибкор ва беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии занони соҳибкор ҷамъбаст гардид.
Ҳадафи озмун аз васеъ намудани дастрасии занони соҳибкор ба захираҳои молиявии арзон ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявӣ иборат буд. Он ба фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории занон, ҳавасмандгардонии онҳо, тавсеаи имконият дар бозори меҳнат ва ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар соҳаи шуғл мусоидат менамояд.
Барои иштирок дар озмун 44 ташкилоти қарзии молиявӣ дархост пешниҳод намуд, ки аз онҳо 23 ташкилот соҳиби ҷоиза ва ифтихорнома гардид.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






