Озмуни ҷумҳуриявии «Дизайнер ва барномасози беҳтарин» баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Дизайнер ва барномасози беҳтарин» байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти «Ҷоми ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ.
Дар озмун 13 донишҷӯ соҳиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд. Довталабони озмун корҳои омӯзишию эҷодиро дар барномаҳои компютерӣ нишон дода, супоришҳои аъзои комиссияро иҷро намуданд.
Озмун бо иштироки 60 донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи чор номинатсия: барномасозӣ бо татбиқи забонҳои муосири барномасозӣ, рақамикунонӣ ва иқтисодиёти рақамӣ, дизайнер ва сомонасозӣ бо татбиқи технологияи муосир ва ихтироот ва навоварӣ гузаронида шуд.
АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






