Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» ва хоҷагии деҳқонии «Эмоми Аъзам» шинос шуданд

Май 16, 2025 20:30

ДУШАНБЕ, 16.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон ва хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам шинос шуданд.

Зимни боздид аз хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам иттилоъ дода шуд, ки он соли 2009 дар асоси дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳати умумии боғҳои он 70 гектарро ташкил медиҳад.

Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва риояи агротехника дар майдони 25 гектар гелос, 4 гектар шафтолу, 2 гектар зардолу ва дигар навъи дарахтони мевадиҳандаро, ки ба минтақа мутобиқ аст, парвариш менамоянд.

Аҳли заҳмати хоҷагӣ дар парвариш ва нигоҳубини боғҳо таҷрибаи ғанӣ андухта, то пурра ба ҳосил даромадани ниҳолҳо байни қаторҳои онҳоро самаранок истифода мебаранд. Дар баробари пешниҳод ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ, ҳамзамон ба миқдори зиёд дар сардхона низ маҳсулот захира мекунанд.

Дар боғи гелоси хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам асосан навъҳои барвақтии Бурлат ва Кордия парвариш мегардад, ки ба иқлими минтақа тобовар буда, барои содирот низ мувофиқ мебошанд.  Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон бисёрсоҳа буда, хоҷагидорон бо риояи қоидаҳои агротехникӣ ба кишту парвариши сабзавоту полезӣ, ғалладона, зироати техникӣ ва боғу токзор машғул мебошанд.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон дар майдони 800 гектар гандум, 15 гектар зағер, 180 гектар ҷав, 190 гектар пахта, 52 гектар сабзавоту полезӣ ва дар 34 гектар ҷуворимаккаи дон кишт карда шудааст, ки ҳама нашъунамои хуб доранд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғҳои хоҷагӣ ба парвариши дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла бодом, шафтолу ва олуи сиёҳ шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон дар масоҳати беш аз 480 гектар боғҳо бунёд ёфтааст, ки аз он 180 гектар себ, 75 гектар бодом, 100 гектар олу, 12 гектар чормағз, 6 гектар ангур, 6 гектар нок ва 3 гектарро боғи гелос ташкил медиҳад. Дар ин хоҷагӣ масоҳати боғҳои интенсивӣ низ тадриҷан зиёд карда мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти назарраси хоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии Сомонҷонро намуна арзёбӣ карда, ба меҳнати садоқатмандонаи аҳли заҳмат баҳои баланд доданд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ ва дастовардҳои меҳнатии хоҷагии ҷангали ноҳия дидан карданд. Дар намоиш маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полезӣ ва меваи тару тоза, хушкмеваҳо, ғалладона ва неъматҳои дигари табиӣ муаррифӣ карда шуд.

Дар хоҷагии Сомонҷон зимни шиносоӣ бо рафти парвариши сабзавоту полезӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нашъунамои пиёзи барвақтӣ, ки қариб расидааст ва пиёзи кишти такрорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ба масъулон барои риояи қоидаҳои агротехникӣ ва агробизнеси муосир дастуру тавсияҳои судбахш доданд. Тавре иттилоъ доданд, ҳосили интизорӣ аз ҳар гектари пиёзи барвақтӣ 500 сентнер аст. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ин мавзеъ 35 гектар замини лалмии бекор ба таври қатрагӣ шодоб ва ба гардиши кишоварзии обӣ дароварда шудааст.
Боздид аз ҷараёни парвариш ва нашъунамои зироати кишоварзӣ дар Кооперативи истеҳсолии Сомонҷон ва хоҷагии деҳқонии Эмоми Аъзам дар ноҳияи Данғара 16.05.2025

Май 16, 2025 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазири давлатӣ оид ба корҳои савдои хориҷии Вазорати тиҷорат ва савдои Давлати Қатар Аҳмад ибни Муҳаммад Ас-Сайидро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири сармоягузории Подшоҳии Арабистони Саудӣ Холид Ал-Фолеҳро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисод ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Алӣ Маданизодаро ба ҳузур пазируфтанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо Татяна Молчанро ба ҳузур пазируфтанд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест – 2025»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе Инвест — 2025» иштирок намуданд
Анҷоми сафари Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дар Тоҷикистон
Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд