«ПИРЯХҲОРО НАҶОТ МЕДИҲЕМ!». Дар Душанбе байни кӯдакону наврасон озмун гузаронида мешавад

Май 20, 2025 15:46

ДУШАНБЕ, 20.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. 21 май бахшида ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо (29-31 май) дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Пиряхҳоро наҷот медиҳем!» байни кӯдакону наврасон озмуни расмкашӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Филиали миллии Ширкати байнидавлатии садо ва симои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар озмун кӯдакон ва наврасони аз 9 то 14-сола метавонанд иштирок намоянд.

Озмун бо ибтикори Филиали миллии Ширкати байнидавлатии садо ва симои «Мир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Ҳадафи озмун шинос намудани кӯдакону наврасон бо муҳити зист, ҳифзи он ва ба таваҷҷуҳи ҷомеа расонидани хатари офатҳои табиӣ ва экологӣ дар натиҷаи обшавии пиряхҳо мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 20, 2025 15:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»