Президенти Тоҷикистон: «Барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ татбиқ мегардад»
ДУШАНБЕ, 23.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Зимни паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити ҳарчи беҳтар барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон ҳоло дар соҳаи маорифи мамлакат 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ карда мешавад.
Ба таъкиди Сарвари давлат, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Соли 1991 дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард. Ҳоло шумораи ин муассисаҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 153 литсейи касбҳои техникӣ, коллеҷҳо ва даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ бо 141 ҳазор хонандаву донишҷӯ фаъолият доранд.
«Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ тамоми имконоти заруриро барои таълиму тарбияи ҷавонон ва ташаккули зеҳнию ҷисмонии онҳо фароҳам овардем ва ин равандро бомаром идома дода истодаем», — изҳор намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






