Президенти Тоҷикистон: «Хокборишҳои шадиди чанд даҳсолаи охир ба раванди обшавии пиряхҳо суръат мебахшанд»

Май 30, 2025 14:37

ДУШАНБЕ, 30.05.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо бо назардошти ҷойгир будани зиёда аз 60 фоизи пиряхҳои минтақа дар Тоҷикистон, пешниҳод намуданд, ки якҷо бо шарикони рушд ва пажуҳишгоҳҳои илмию таҳқиқотӣ экспедитсияи фарогири омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистонро ташкил карда, дар Тоҷикистон Озмоишгоҳи минтақавии яхшиносӣ таъсис дода шавад.

«Мо аз ҳамаи шарикон ва ҷонибҳои манфиатдор даъват менамоем, ки ин ташаббусро дастгирӣ намоянд ва ба ин васила дар татбиқи «Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ – солҳои 2025-2034» саҳми муносиб гузоранд».

Дар баробари сабабҳои асосӣ, ба мисли тағйирёбии глобалии иқлим ва олудашавии ҳаво, ки ба обшавии пиряхҳо оварда мерасонанд, инчунин хокборишҳои шадид давоми чанд даҳсолаи охир ба ин раванд дар минтақаи мо суръат мебахшанд.

«Яке аз мушкилоти дигари ба пиряхҳо хос дар кишвари баландкӯҳи мо хатари кандашавии кӯлҳои пиряхӣ мебошад, ки  дар натиҷаи он минтақаҳои аҳолинишин ва инфрасохтори онҳо хароб шуда, дар баъзе мавридҳо ҳатто талафоти ҷонӣ ба бор меорад.  Дар баробари ин, баъзе аз пиряхҳои Тоҷикистон хусусияти лағжидан доранд, ки сабаби ба вуҷуд омадани мушкилоти ҷиддӣ мешаванд», -изҳор доштанд Президенти мамлакат.

Сарвари давлат иброз намуданд, ки бо назардошти он ки пиряхҳои Тоҷикистон дар баландии аз сеюним ҳазор метр зиёд аз сатҳи баҳр ва дар минтақаҳои душворгузари кӯҳистон ҷойгир шудаанд, ба роҳ мондани ҳар гуна барномаҳо барои ҳифзи онҳо  ба мушкилиҳои зиёд дучор мегардад.

Бинобар ин Президенти Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки  шарикони рушд ва созмонҳои байналмилалӣ барои ҳалли ин мушкилот бо Тоҷикистон ҳамкории судманд намоянд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар» 

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Май 30, 2025 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст